Сад соли Маэстро Борис Кимёгаров
Дар бораи ин нобиғаи ҳунар ва ин коргардони чирадасту донишманди соҳаи худ навиштану гуфтан хеле мушкил аст. Эҷодиёти ӯ комил омӯхта нашудааст, филмҳояш тавре бояду шояд нақд нашудаанд, таҳлил нашудаанд. Шоҳкорҳои ӯ мавриди омӯзиши жарф қарор нагирифтаанд ва ҳар чизе то кунун навишта шудааст, қатрае аз баҳр аст. Дунёи Борис Кимёгарон барои нақди санъат ҳамоно нокушода мондааст.
Дар остонаи садсолагии ҳунарманди маъруф фарҳангшинос, синамошинос, доктори илмҳои фалсафа, узви Федератсиони байналмилалии мунаққидони филм Саъдулло Раҳимов навишт: “Гулнора Абикеева – ситораи синамо аз Қазоқистон ба ин назар аст, ки масалан “Ҳасани аробакаш”-и Кимёгаров ин эътироз бар зидди системаи шӯравӣ мебошад. Бисёр вақт ман ба чунин арзёбии филм эътироз мекардам, зеро дар таърихи филмофарии синамои тоҷик филмҳое назири “Ҳасани аробакаш” зиёд буданд. Аммо ҳоло фикр мекунам, ки Абикеева дар ин филм он чиро дида буд, ки ман пештар надида будам...”. Ва ба ҳамин монанд нукоти зиёде дар филмҳои Борис Кимёгаров бояд муҳаққиқона баҳсу баррасӣ шаванд, то фалсафа ва диди эстетикии ҳунарманди маъруф кушода шавад.
Вақте, ки тамошобини кино шоҳкориҳои режиссёри номвари тоҷик Борис Кимёгаровро аз рўи достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ тамошо мекунад, ба ҳунар, истеъдод ва андешаҳои шоиронаи ин эҷодкори нотакрор ҳазорҳо таҳсину офаринҳо мехонад. Зеро ин таҳиягари бузурги кинои тоҷик ба қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ умри дубора бахшид.
Аз актёри театри бачагонаи шаҳри Қўқанд сар карда, то ба Ходими Хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон, Артисти Халқии РСС Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии СССР, дорандаи мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ – чунин аст роҳи эҷодиёти кинорежиссёри киностудияи «Тоҷикфилм» Бенсион Ариевич Кимёгаров.
Ҳамчун бисёр хатмкунандагони солҳои баъдиҷангии Инстути давлатии Умумииттифоқии Кинематография Б.А.Кимиёгаров низ роҳи эҷодии кнематографии худро аз филмҳои ҳуҷҷатӣ оғоз кардааст.
Б.А.Кимиёгаров муаллифи сенарияҳо ва коргардони бисёр филмҳои мустанад буд. Аз он ҷумла филмҳои ҳуҷҷатии «Тоҷикистон», «Дар кўҳҳои Помир», «Водии зархез», «Қувваи бузург», «Садриддин Айнӣ», «Сарзамини ҷавонӣ» ва ғайраҳоро ба навор гирифтааст. Филми «Тоҷикистони Советӣ», ки аз тарафи Б.Кимёгаров офарида шуда буд, соли 1946 дар Кинофестивали байналмилалии Венетсия сазовори медали биринҷӣ ва Дипломи фахрӣ қадр гардидааст. Инчунин соли 1952 сазовори мукофоти Давлатӣ гардид, ки авалин Лаурети мукофоти Давлатии СССР дар соҳаи кинематография буд, ки он намуди аз ҳама ҷавони санъати ҷумҳурии мо мебошад.
Дар соли 1956 Кимёгаров ба навор гирифтани филмҳои бадеиро сар мекунад. Аввалин филми бадеии коргардон Кимёгаров «Дохунда» буд, ки он аз рўи асари асосгузори адабиёти муосири тоҷик С.Айнӣ офарида шудааст. Сипас, Кимёгаров филми «Қисмати шоир»-ро аз ҳаёти устод Рӯдакӣ қисса мекунад ва он имрӯз ҳам яке аз беҳтарин филмҳои синамогарони Тоҷикистон мебошад. Қисмати шоир аввалин филме буд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфият пайдо кард ва ҷоизаҳо овард.
Ҷоизаҳо дар синамоҷашнвораҳои умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ, медали биринҷӣ ва дипломи фахрии синамоҷашнвораи байналмилалӣ дар Венетсия (1947) барои филми мустанади "Тоҷикистон"; дипломи синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои телевизионӣ дар Боку (1978) барои филми бадеии телевизионии "Одам пӯсташро иваз мекунад" (5 қисм); ҷоизаи асосии "Уқоби тиллоӣ" дар синамоҷашвнораи байналмилалии кишварҳои Осиё ва Африқо дар Қоҳира (1959) ва дипломи синамоҷашнвораи умумиитифоқӣ дар Минск (1960) барои филми "Қисмати шоир"; ҷоизаи синамоҷашнвораи умумииттифоқӣ дар Тифлис (1971) барои филми "Рустам ва Суҳроб"; ҷоизаҳо барои беҳтарин коргардонии филми душвор таҳияшаванда ва беҳтарин тасмими тасвиршаванда дар синамоҷашнвораи умумииттифоқӣ дар Рига (1976) барои филми "Достони Сиёвуш" (2 қисм) ба даст овардааст. Бо ҷоизаи давлатии ИҶШС барои филми пурраи мустанади «Тоҷикистони Шӯравӣ», ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ барои филмҳои ҳунарии «Достони Рустам» ва «Рустам ва Суҳроб» қадрдонӣ шудааст.
Филмҳои номбурдаи Б.А.Кимёгаров, ки мағзи онҳоро набарди некӣ бар зидди бадию зиштӣ ва талоши инсон барои бахт ташкил мекунад, аз ҷониби тамошобинони шўравӣ ва хориҷӣ, мутахассисони соҳаи санъати синамо сазоворона эътироф гардиданд.
Б.Кимёгаров нақшаҳои зиёди эҷодӣ дошт. Ў бисёр мехост, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Ҳаким Фирдавсӣ филми ҳунарӣ офарад. Сенарияашро ҳам навишта буд. Ҳайҳот, ки умр вафо накард ва ин орзу ҷомаи амал напӯшид.
Хушбахтона кулли филмҳои ин нобиғаи нотакрор дар бойгонии Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ вуҷуд доранд, ва хонандагон метавонанд онҳоро дар фурсатҳои барояшон муносиб тамошо кунанд.
Адабиётҳои истифодашуда:
1.Ахроров, А. Таджикский экран. – Душанбе: Дониш, 1971 – 271cаҳ.
2.Мирзошоев, С. Борис Кимёгаров. – Душанбе: Ирфон, 1972 – 51 саҳ.
3.Некқадамов,Т. Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино. – Душанбе: Аржанг, 2019 – 248 сахҳ.
4.Раҳимов С. Нури парда. – Сарредаксияи илмии энсиклопедияи тоҷик. – Душанбе, 2004 –247 саҳ.
5.Шарифов, Х. Оламафрўзон. –Душанбе: Маориф, 1992 – 208 саҳ.
Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар