Дар бораи ин нобиғаи ҳунар ва ин коргардони чирадасту донишманди соҳаи худ навиштану гуфтан хеле мушкил аст. Эҷодиёти ӯ комил омӯхта нашудааст, филмҳояш тавре бояду шояд нақд нашудаанд, таҳлил нашудаанд. Шоҳкорҳои ӯ мавриди омӯзиши жарф қарор нагирифтаанд ва ҳар чизе то кунун навишта шудааст, қатрае аз баҳр аст. Дунёи Борис Кимёгарон барои нақди санъат ҳамоно нокушода мондааст. Дар остонаи садсолагии ҳунарманди маъруф фарҳангшинос, синамошинос, доктори илмҳои