Падару модарон вазифадоранд, ки ба таълиму тарбияи фарзандони худ на фақат дар давраи омодагӣ ба имтиҳоноти дохилшавӣ, балки аз хурдсолии онҳо машғул шаванд, яъне ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат кунанд ва барои босаводу соҳибмаърифат шудани онҳо ҳеҷ чизро дареғ надоранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Моҳи июн моҳи омодагӣ ба имтиҳонҳо барои дохилшавандагону довталабон. Моҳест, ки ҳар ҷавону ҳар наврас мехоҳад ояндаи худро дар курсии донишҷӯӣ бинад. Моҳи орзуҳост, моҳи умедҳост. Вале бояд омодагӣ дид, то орзуҳо ҷомаи амал пӯшанд. Бояд талош кард, то сазовори унвони донишҷӯ шаванд.
Китобхонаи миллӣ ҳама шароитҳоро барои довталабон фароҳам овардааст, то онҳо бо истифода аз толорҳои хониши муҷаҳҳаз ва бойгонии китобҳои нодир худро барои имтиҳонҳо омода созанд. Ахиран чандин китобчаҳои тестӣ ҳам ба Китобхона оварда шуданд ва яқинан истифода аз онҳо метавонад заҳмати ҷусутҷӯи посух ба суолҳоро осон гардонад.
Руйхати маҷмуаи саволу масъалаҳои тест барои
супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ соли 2018
Ҷамил Валиев,
шуъбаи нигаҳдории китоб