«Бухорои Шариф» сароғоз ё хишти аввали бинои матбуоти миллии мо буда, дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ нахустин нашрияе буд, ки пурра бо забони форсии тоҷикӣ ба табъ мерасид.
Нахустин шумораи он рўзи якшанбе, 11-марти соли 1912 дар шаҳри Когон-Бухорои нав дар ҳаҷми чор саҳифаи А-3 рўи чоп омад.
Муассисони ин рўзнома тоҷир Мирзо Муҳиддин Мансуров, шоир Мирзо Сироҷи Ҳакими Бухороӣ, ношири он мудири матбааи Когон Левии яҳудӣ, муҳаррир Мирзоҷалоли Юсуфзода, мудири масъул Ҳайдархоҷа Мирбадалов ва котиби масъулаш Мирзо Ғаффор буд.
Аҳдофи таъсиси рўзнома таъсир расонидан ба тафаккури ҷомеа, рушди мактабу мактабдорӣ, таъсис намудани ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятию тиҷоратӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, расонидани хабарҳои навини олами мутамаддин ба сокинони Бухорои амирӣ, баланд бардоштани ахлоқи шарифаи мардум ва муҳимтар аз ҳама бедор намудани худшиносию худогоҳии миллати тоҷик ва дифоъ аз манфиатҳои сиёсию маданӣ ва таърихии миллати тоҷик буд.
«Бухорои Шариф» то 14-уми июли соли 1912 ҳафтае шаш маротиба, сипас ҳафтае чор маротиба ва аз сентябри соли 1912 ҳафтае се маротиба мунтазам нашр мешуд. Дар ин миён, бо сабабҳои камбуди маблағ, фишору тазйиқи ҳукуматдорон борҳо ба таҳдиди басташавӣ мувоҷҷеҳ мегардад. Баъди нашри шумораи 153-ум, 2-январи соли 1913 баста шуд.
«Бухорои Шариф» як соли пурра ҳам фаъолият накард, вале чун нахустин рўзномаи тоҷикӣ ва хишти аввали бинои матбуоти миллӣ бо вуҷуди умри кўтоҳаш дар фазои торики Аморати Бухоро тавонист, ки афкору ғояҳои ислоҳотгаронаи равшанфикрону маорифпарварони айёмро бо услубу шеваи оммафаҳм миёни мардум шарҳу тавзеҳ диҳад. Ба қавли устод Айнӣ: «Дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро дар рўшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд» ва барои ба майдон омадану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рўзномаву маҷаллаҳои дузабонаи Мовароуннаҳр замина гузошта, барояшон аз лиҳози касбият раҳнамо ва мактаби эҷодӣ гардид.