«Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар даврони истиқлолият». Чунин ном дошт чорабиние, ки Шуъбаи адабиёти хориҷӣ ахиран доир намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода ба ҳозирон дар бораи Истиқлолият, таърихи он ва гузаштаи ин 25 сол нақл кард ва гуфт, ин 25 сол як роҳи пуршебуфароз ва пурмашаққате буд, ки Истиқлолияти моро пойдору устувор гардонд.
Вай аз нақши сарнавиштсози Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти миллӣ ҳарф зад ва гуфт, дар ин солҳо маҳз заковати ин марди хирад буд, ки Тоҷикистон ҷанги хонасӯзро ба сулҳи бунёдкор табдил дод ва имрӯз ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ расид.
Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки доштани чунин як китобхонаи бузург бидуни риштаҳои ҳамкорӣ бо хориҷ имконпазир нест. Китобхона бояд ҳамқадами замон бошад ва ҳатман бо мамолики хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои густарда дошта бошад. Вай зикр кард, ки хушбахтона, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин гуна ҳамкориҳои созанда бо китобхонаҳои мамолики олам дорад.
Амриддин Шарипов – номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзўи «Сиёсати минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол», Фатҳулло Бобохонов – «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзўи «Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар даврони истиқлолият» ва Саидашраф Гадоев – мутахассиси шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзўи «Дастовардҳои истиқлолият дар самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
Инчунин дар ин чорабинӣ китобҳои тозанашри кишварҳои хориҷӣ низ ба намоиш гузошта шуданд, ки иштирокчиён бо онҳо шинос шуданд.