25 соли Истиқлолият
Имрўзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бо касби истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксари кишварҳои дунё ба расмият шинохта, бо мо муносибатҳои дипломатии худро барқарор намуданд. Маҳз истиқлолият буд, ки мо имрӯз соҳиби Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва пули миллӣ худ ҳастем. Ин волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри ХХ ба шумор меравад. Истиқлолият ин шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Аммо ин Истиқлолият ба осонӣ ба адст наёмад ва дар солҳои аввал Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ рў ба рў гардид, ки боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ, ҳисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид. Барои барқарор намудан ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризояти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид. Дар ин чорабинии сиёсӣ Шўрои Олии ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти нави кишварро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Муҳимтарин ва бузургтарин санаи таърихӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ин 9 сентябри соли 1991 (Истиқлолияти давлатӣ) ва 16 ноябри соли 1992 (Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум) мебошад. Аз лаҳзаҳои нахустини фаъолияти Раиси Шўрои Олии ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин мақом барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузошт. Мардуми шарифи Тоҷикистон боварӣ ҳосил карданд, ки ин марди ба нангу номус, ки дар чунин як давраи басо мушкили буҳрони сиёсӣ масъулияти олии созандагиро ба зиммаи худ гирифтааст, ба он муваффақ мегардад. Хушбахтона, худи таърих дурустии итминони мардуми кишварро собит намуда, боварии мардуми тоҷик амалӣ гардид. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва бо мақсади демократӣ кардани ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро (6 ноябри соли 1994) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.
Имрўз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 151 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд ва зиёда аз 126 давлати дунё бо кишвари мо муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардаанд.
Хушбахтона, баъд аз барқарор намудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шуда, самтҳои афзалиятноки мутақобилан судманд бо дигар кишварҳо вусъати тоза ёфта истодааст.
Танҳо дар соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, соли 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз карданд ва ба фаъолият шуруъ намуданд.
Яке аз дастовардҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳаи фарҳанг мебошад. Маҳз таваҷҷуҳ ва сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 4 сентябри соли 2007 хишти аввали сохтмони бинои нави замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро гузошт ва худи ҳамон рўзро «Рўзи Китоб» эълон намуд.
Вобаста ба талаботи замон барои рушди фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардидаанд, ки дар бунёду рушди фарҳанги иттилоотӣ ҷойи асосиро ишғол намудаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар рушди фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд.
Танҳо дар давоми солҳои 2007-2010 аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» барои таҳкими пояи моддиву техникии китобхонаҳои мамлакат, такмили фонди онҳо бо адабиёти тозанашр, таъмири бинои китобхонаҳо, муҷаҳҳаз сохтани онҳо бо ҷиҳоз ва дигар лавозимоти зарурӣ 2,5 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд.
Пас аз 5 сол, яъне 20 марти соли 2012 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар паҳлўи ҳайкали Исмоили Сомонӣ, Қасри миллат, Нишон ва Парчами миллӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Осорхонаи миллӣ ва Боғи фарҳанги устод Рўдакӣ қомат афрохтааст. Китобхонаи мазкур дорои 25 толори хониш барои 1500 ҷойи нишаст, 28 маҳфузгоҳ барои нигоҳдории 10 млн. китоб ва дигар навъҳои асноди иттилоотӣ, 9 маҷлисгоҳ ва толори баргузории ҷаласаву конфронсҳо барои 1200 ҷойи нишаст, 3 толори намоишгоҳи китобҳо, 36 шуъбаву марказҳо мебошад ва 518 воҳиди корӣ дорад.
Айни замон дар Китобхонаи миллӣ гўшаҳои фарҳангии Чин, Куриё, Олмон, Арабистони Саудӣ ва Эрон фаъолият доранд. Мақсад аз ифтитоҳ намудани гўшаҳои мазкур муаррифии урфу одат ва расму оини якдигар мебошад. Инчунин дар ин гўшаҳо айни замон барои тамоми толибилмону донишҷўён курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҳамкорӣ бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ мебошад, ки барои дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардоштани мақом, нуфуз ва мустаҳкам кардани ҳамкории фаъолияти китобдории муосири ҷаҳонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон равона карда шуда, омўзиш ва таҳлили рушди ояндаи соҳаи китобдорӣ аз дигар китобхонаҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, инчунин иштирок дар семинарҳо ва конфронсҳои дохилию хориҷӣ мебошад. Аз соли 2012 то ин ҷониб Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо якчанд китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, бо Китобхонаи давлатии Русия, Китобхонаи миллии Русия, Китобхонаи миллии Белорус, Китобхонаи миллии Чин, Китобхонаи миллии Куриё, Китобхонаи миллии Туркманистон, Китобхонаи БУЛАК дар Порис, китобхонаҳои Покистон, Китобхонаи Донишгоҳи Панҷоби Покистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ҳамзамон лоиҳаҳои Ёддошти тафоҳуми ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобҳонаҳои миллии Фаронса, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Чех ва Эрон дар ҳоли баимзорасонӣ қарор дорад. Дар робита ба ин Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 22 китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ низ мубодилаи китоб дорад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои шаҳрвандони дохилию хориҷӣ бо тамоми шароити муосир сохта шуда, ҳамаи меҳмонони дохилию хориҷиро пас аз боздиди ин Кохи илму маърифат ба ваҷд овардааст. Воқеъан ҳам ин бинои замонавии Китобхона, ки дар Осиёи Миёна ҳамто надорад ҳамагонро ба худ ҷалб кардааст. Ҳамаи инҳо аз шарофати истиқлолияту ваҳдати миллии халқи тоҷик мебошад, ки бо чунин Китобхонаи замонавӣ дар тамоми ҷаҳон ифтихор менамояд. Маҳз ҳамин истиқлолияту ваҳдати миллӣ мебошад, ки дар кишвари азизи мо чунин биноҳои истиқоматию замонавӣ сохта шуда истодааст.
Ватани азизи мо – Тоҷикистон имрўз узви фаъол эътирофшуда ва соҳибэҳтироми ҷомеаи байналмилалист. Ин мавқеи воло аз ҳар як фарзанди бо нангу номуси миллат тақозо дорад, ки барои имрўзу фардои Ватан ва пешрафти Тоҷикистони азиз, инчунин барои сари баланду садои буррои он дар арсаи байналмилалӣ пайваста саъю кушиш ва талош намояд.
Боварии комил дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин неъмати пурарзишро қадр намуда, ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медорад ва Ватани азизамонро муҳофизат менамоянд. Масъулияти Ватану ватандорӣ барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи асосӣ буда, аз мо меҳнати софдилона, садоқати фарзандӣ, дасту дили тозаву нияти некро талаб менамояд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи тоҷикони бурунмарзиро ба муносибати Ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, хушбахтӣ, саломатӣ, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигзор ин истиқлолияти давлатии тоҷикон ҳамеша устувору пойдор ва ҳамеша мардуми тоҷик дар саросари дунё сарбаланду некном бимонанд.
Бори дигар истиқлолияти давлатӣ муборак бошад ҳамватанони азиз!
Фатҳулло Бобохонов
Сардори шуъбаи адабиёти хориҷии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон