Бад аз зуҳри имрӯз, 3-уми сентябр, дар толори «Конуни забони точикӣ» бо ташаббуси шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ҳамоиши илмӣ баргузор гашт.
Баъди сухани ифтитоҳии Директори Китобхонаи миллии Точикистон, доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода дар мавзўи «Дирўз ва имрўзи китобхонаҳо дар даврони Истиқлолият» аълочии фарҳанг ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷўрабой Раҷабов баромад кард.
Баъдан, Директори китобхонаи марказии илмии Академияи фанҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ Шоҳмаҳмад Сӯфиев доир ба дирӯз ва имрӯзи китобу китобдорӣ, мудири шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи баччагонаи ба ном Мирсаид Миршакар Гулнора Азизова дар мавзўи «Китобхона-нури маърифат», муовини сардори шуъбаи автоматикунрнии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Ёқуб Бобохонов «Китобхонаи электронӣ-тақозои замон» суханронӣ карданд
Дар рафти кори ҳамоиш оиди таърихи Китобхонаи миллии Тоҷикистон аксҳо (слайд-шоу) намоиш дода шуданд .
Дар ин ҳамоиш бештар аз 60 нафар кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва унвонҷўёни Академияи илмҳои Тоҷикистон, устодони макотиби олӣ ва донишомӯзон иштирок намудаанд.