Муаллифон Ф. Ғафуров ва Б.Алидодов, қисми аввал. Таърихи чоп соли 2010, макони чоп шаҳри Душанбе.
Ҳамчуноне аз номаш пайдост, дар китоби мазкур пеш аз ҳама масоили умумии геологияи конҳои фоиданок маълумотҳо оиди минералҳо ва ҷинсҳои куҳӣ, сохти замин, шаклҳои хобиши маъданҳо, пайдоиши онҳо ва шароитҳои асосии пайдошавии конҳои канданиҳои фойданок ва алоқамандии онҳо ва захираҳои маъданҳо гирд оварда шудааст.
Қисмати асосии китоби мазкур асосан ба назарияи нави пайдоиши магматикаи металҳо ва ҳамчунтн сарчашмаҳои маъданҳои пайдоиши метаморфӣ бахшида шудааст.
Ин китоби дарсӣ барои донишҷуёни факултаҳои ҳамрадифи геологӣ, ки аз рўи 51010100 – банаворгирии геологӣ, ҷустуҷўй инкишофи канданиҳои фоиданок; 51010103 – геологияи муҳандисӣ; 51010104 – геологияи нафту газ дарс меомӯзанд, пешбинӣ шудааст.
Ба равандҳои асосии ҳосилшавии конҳои канданиҳои фоиданок таваҷҷуҳ шудааст ва бо мислҳои мушаххас шароитҳои пайдошавии онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Аз ин китоб устодон, аспирантҳо ва кормандони соҳаву мутахассисон метавонанд истифода баранд. Теъдоди ин китоб 1000 нусха мебошад.
Чанд нусха аз ин китоб ҳоло дар бойгонии Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ вуҷуд дорад, ки хонандагон метаовнанд аз онҳо истифода баранд.