Чашмандозе ба таърихи пайдоиши китоб
Нашр шуд 2016-08-02 18:22
Китоб (калимаи арабии بالكتا - навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда), воситаи интишор ва нигаҳдории иттилоот, ғоя, образ ва донишҳо мебошад. Дар омори байналхалқӣ, мувофиқи тавсияи ЮНЕСКО асари ҳаҷман беш аз 3 ҷузъи чопӣ, яъне аз 48 саҳифаи чопӣ кам набударо шартан китоб гуфтан мумкин аст.
Китоб воситаи муҳими иттлооти оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзўри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳн ва тарғиби дониш, иттилоот ва тарбия ба шумор меравад. Китоб маҳсулоти саноати чопист. Ҷамъ кардану нигоҳ доштани китоб ба Китобхона ва тасвири он ба библиография вобаста аст.
Таърихи пайдоиши китоб ба инкишофи хат, забон, адабиёт, санъат, техника ва илм алоқа дорад. Дар замонҳои қадим дар рўи санг, чўб, сафол, мису биринҷӣ, баргҳои дарахтони нахл, устухонҳо ва ғайра аз одамон дастнависҳо боқӣ мондаанд, ки ба китоб мансубият доранд.
Аввалин дастнависҳои папирусӣ дар Мисри Қадим ёфт шудаанд ва ба ҳазораи 4-3-юми то мелод мансубанд. Дар асри 6 бори якум ксилография (асбоби махсуси китобчопкунӣ) ба кор даромад.
Дар асри XI бо ёрии литери (қолибчаҳои) махсус (аз гилу чўб тайёр карда мешуд) чоп карданро ҷорӣ намуданд. Асри XIV дар Корея бо ёрии литерҳои фулузӣ китобчопкунӣ ҷорӣ шуд, ки барои такмили минбаъдаи интишори китоб ёрӣ расонд.
Китобҳои Юнони Қадим, ки ба асри IX то мелод тааллуқ доранд, дар папирус навишта шудаанд. Дар Рим истинсохи китобҳо авҷ гирифта буд, ки ба он бештар ғуломони махсус ҷалб карда мешуданд. Дар Аврупо китобчопкунӣ аввал аз папирус ба варақҳои яклухт, баъд ба пергамент (пўст) ва ниҳоят ба қоғаз гузашт.
Китоби «Авасто» ҳам аввалҳо дар пергамент (асри 1 то мелод) навишта шудааст. Дар Аврупои асримиёнагӣ китобҳои мазмуни динӣ дошта, ба забони лотинӣ чоп мешуданд.
Назар ба баъзе маълумотҳо дар нимаи дуввуми садаи VIII дар шаҳри Самарқанд корхонаи тавлиди коғаз ба вуҷуд омад. Дар китобнависӣ хаттотӣ, муқовабандӣ барин касбҳо пайдо мешаванд.
Асрҳои миёна дар Осиёи Марказӣ санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои мутафаккирон Абўрайҳони Берунӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Улуғбек ва дигарон аз тарафи хаттотҳо рўйнавис карда, аз насл ба насл гузаронида мешуданд.
Охири асри XVIII- аввали асри XIX дар санъати чопӣ китоб матбаа, ороишу зинати бадеӣ, ҳамчун соҳаҳои мустақил ривоҷ ёфт. С 1798 бо ихтироъ шудани литография (чопи сангӣ) кори китобчопкунӣ, хусусан бо суратҳо оро додани китоб осон гардид. Дар Осиёи Марказӣ чопи китоб баъди ба Русия ҳамроҳ шудан роҳандозӣ шуд. Китобҳои мактабҳои мусулмонӣ ва русии маҳаллӣ дар Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои Тошкант, Самарқанд, Когон, Қазон бо ҳуруфоти арабӣ ва русӣ чоп мешуданд. Китобхонаҳои сершумор дар паҳн ва таблиғу ташфиқи китобҳо нақши бағоят калон мебозиданд.
Маҳмадшариф Каримов,
Сардори шуъбаи нигоҳдории китоб