Ифтихор дорам, ки тоҷикам ва насли поки Оли Сомонам!

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандори, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил мебошад. Ин ваҳдати ҷомеае, ки имрўз мо дар он зиндагии осуда ба сар мебарем, натиҷаи заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  мебошад, ки дар асоси принсипҳои сиёсии муосир ва тасмимгириҳои дастгоҳи сиёсии кишвар ба даст омадааст.

Дар ҳамаи давру замонҳо рушди давлатҳо, сулҳу суботи онҳо ба Ваҳдати миллӣ сахт алоқаманд аст.  Маҳз ба сари як давлат расидан, сари як миз омадану музокира кардан, ба мо тоҷикон имконият фароҳам овард, ки ба сулҳу суббот бирасем ва давлати миллиамонро, ки имсол 25-солагии Истиқлолияти онро ҷашн мегирем, бисозем.

Истиқлолият ҳамчун омили муттаҳидсозии мардуми шарифи Тоҷикистон, шароит фароҳам овард, ки ба истифодаи арзишҳои аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон эътирофшуда дар ватанамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани зиндагии мардум, ободӣ, озодӣ ва рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон  шароити  мусоид фароҳам орад.

Бо шарофати сулҳу суббот,  иродаи мустаҳками мардуми шарифи тоҷик ва талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо давлатамонро аз парокандагӣ наҷот додем, балки тавонистем дар таъмини рушди побарҷоии иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ қадамҳои устувор гузорем.

Итминони комил дорам, ки мо метавонем ҳама аҳлонаву сарҷамъона тамоми нерўи зеҳнӣ, қудрати ҷисмонӣ, ва маҳорату истеъдоди худро ба хотири ободии Ватани азизамон - Тоҷикистон ва таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ, осудагии мардуми шарифамон  равона  созем.

Истиқлолият соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти воқеии давлатро дар танзим ва пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ инъикос намуда, дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоиёт ва дигар аркони зиндагии ҷомеа соҳиби қарор будани кишварро нишон медиҳад.

Бо ҳукми таърих имрўз мо амалӣ гардидани ормони ҳазорсолаи ниёгони хешро на танҳо мебинем, балки худамон давлате бунёд карда истодаем, ки аллакай дар арсаи ҷаҳон мавқеъ ва эътибори ба худ хос дорад.

Аз ин рў, истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем.

Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувватгирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву  маънавӣ  гардидааст.

Хулоса, сари таъзим меорам ба ҳар як қатра обу, як каф хоку, як даста гулу гиёҳи мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубҳа, меболам аз он, ки ман низ як шаҳрванди ин сарзамини афсонавиам. Тоҷикаму чун миллати баруманд ифтихор дар ҷаҳон дорам. Насли поки Оли Сомонаму дар дил маъхази бузурги миллати тоҷик меҳру муҳаббат, покдиливу самимият ва ору номуси бузургро  мепарварам.

Чун дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу Ваҳдат Пешвои миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  гуфтааст: «…Бигзор муқаддасоти давлатдории миллӣ, забони модарӣ, ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии мову шумо ба сўи ҷомеаи мутамаддин ва фардои ободу осуда бошанд! Бигзор ормонҳои волои истиқлолият, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва кору пайкори ҳамешагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолонаи мардуми мо гарданд!».
 

Ватан – дилҷамъию  озодии  мост, 
Ватан – хушбахтию  ободии  мост. 

Ҳарон кас,  ки  Ватан-Модар  парастад, 
Парастораш  дар  ин олам  Худо бод!

 



Ситора Саъдиева
Мутахассиси пешбари

Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон