Шумори хонандагони толори кӯдакон дар моҳи аввали таҳсил афзудааст

Ин аст хулосаи як оморе, ки ахиран аз Шуъбаи маркетин ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ироа шудааст
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ барои омӯхтани фикру андеша ва шинос намудани  хонандагон ба шароиту имкониятҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайваста корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ мемонад.
“Даъват ба китоб ва Китобхона”, яке аз он чорабиниҳое мебошад, ки дар нимсолаи аввали соли 2016 дар мактабу  литсейҳо ва Донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.  Донишҷӯёну хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз шароиту имкониятҳои хизматрасониҳои ройгон ва шартномавии  Китобхонаи миллӣ  огоҳ шуданд ва ба саволҳои онҳо муовинони директори  Китобхона Гадобек Маҳмудов, Салима  Раҷабова ва сардорони шуъбаҳо посух доданд.   
Мувофиқи нақшаи  шуъба  20-21 марти соли ҷорӣ дар Китобхона   чун анъанаи солҳои пеш рӯзи “Дарҳои боз” баргузор шуд, ки шаҳрвандони зиёд аз толорҳои хониш ва намоишгоҳҳои Китобхонаи миллии Тоҷикситон боздид ба мал оварданд. 
Аз ҷониби кормандони шуъба  барои муайян намудани сатҳи хизматрасонӣ дар муддати шаш моҳ ду маротиба пурсишнома гузаронида шуд. Дархосту пешниҳодҳои  хонандагон   таҳлилу баррасӣ ва аз натиҷаҳои он ба роҳбарият ба таври  хаттӣ гузориш пешниҳод гардид. Барои омӯзиши забонҳои  русӣ, арабӣ ва куриёӣ ба тариқи шартномавӣ дар 6 – моҳи соли  2016  ба шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ  зиёда аз 130  нафар муроҷиат карданд.

                 Чорабиниҳои дохилӣ ва сатҳи байналмилалӣ

Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз қабили Ҷаласаи якуми Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конфронси ҷумҳуриявии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии занону модарон дар даврони Истиқлолият”, Форуми ХI –уми Созмони Ҳамкории Шанхай, Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон, Ҷаласаи 2-юми Комисияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Мутаҳидаи Араб оид  ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, Ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, Семинар тахти унвони  «Имкониятҳои рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» , Чорабинии «САSA-1000 ва дурнамоии рушди ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ», Ҷаласаи XIV Комиссияии байни давлатӣ оид ба ҳамкориҳои ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқии обии Роғун», Конфронси Кумитаи забон ва истилоҳи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» ва ғайра саҳми худро гузоштааст.

Бахши кудакон ва наврасон

Моҳе як маротиба дар бахши кӯдакон ва наврасон бо як шоир ё нависандаи кӯдакнавис чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Вохӯрӣ бо адиб” дар ҳамкорӣ бо телевизиони кӯдакон ва наврасон Баҳористон гузаронида мешавад. 
Чун моҳи июн бачагон дар таътили тобистона қарор доранд, ки хонандагони толор нисбати дигар моҳҳо зиёдтар  шудааст. Чунончи, танҳо дар моҳи июн теъдоди хонандагони толори кӯдакон  1213 нафар расид. Бахшида ба рӯзи байналмиллали Ҳифзи Кӯдакон таърихи 1 – уми июн дар мавзуи “Кудак китоби панд аст” чорабинии  фарҳангие баргузор гардид, ки дар он хонандагони Муассисаи таҳсилоти № 15, Мактаб – интернати мусиқии ба номи Миратулло Атоев ва хонандагони фаъоли толор баромад намуданд. Бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиние тахти унвони “Сулҳу Ваҳдат зинда бод” бо иштироки хонандагони мактаб – интернати № 1   гузаронида шуд.

                                               Мағозаи фурӯши  китоб

Дар нимсолаи аввали соли 2016 аз ҷониби нашриётҳои давлатию хусусӣ китобҳои гуногуни тозанашр (86 номгӯй бо теъдоди 899 нусха )  ба мағозаи фурӯши китоб супорида шуд.    
Аз ҷумла, аз  Сарредакцияи илмии Энциклопедияи Миллии Тоҷик (17 – номгӯй бо теъдоди 62 нусха), китобҳои «Ахлоқи Мӯҳсинӣ», «Наводир-ул-вақоеъ», «Самаки айёр», «Шикифтаҳои бадан», «Сиккаҳои Ҳисори Шодмон», аз Муассисаи нашриявии «Адиб» (46 –номгӯй бо теъдоди 741 нусха) А. Сӯфизода «Ҳазору як рубоӣ», «Шашмақом», Эмомали Раҳмон. «Наврӯз-шиносномаи миллат», «Сурудҳои мардумии Кӯлоб», Ҷ.Азонзод. «Растаниҳои шифоӣ ва ғизоӣ», аз нашриёти «Ирфон» (16 – номгӯй бо тедоди 80 –нусха) китобҳои Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» (бо забони инглисӣ), «Албоми Тоҷикистон», Ҷ. Румӣ «Маснавии маънавӣ», «Оила рукни асосии ҷомеъа», «Пешво- ифтихори миллат» “Асрори сершумори об” ва ғ.
Аз Маркази байналмилалии рушди инсон  “Само” (7 – номгӯй бо теъдоди 16 –нусха) китобҳои “Мой гениальный ребенок” , “Мужчина и женшина”,  “Талисман”, “Ману пул”  ва  ғайра дар рафи фурӯш гузошта шуд
Инчунин хонандагони Китобхонаи миллӣ метавонанд, маводҳои хонишро бо нархҳои нисбатан арзон аз мағозаи фурӯши китоб дастрас намоянд. Қобили зикр аст, ки шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ барои пурра намудани рафҳои мағозаи фурӯши китоб дар ояндаи наздик боз бо якчанд нашриётҳои давлатӣ ва хусусӣ шартномаи дуҷониба имзо кардааст.