Китобхонаи миллӣ даргоҳи илму маърифат
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ганҷинаи ҳикматҳои бузург аст, ки ҳар кас бо умед аз дари он ворид шавад, ба орзуҳои ширину дерини худ муваффақ мегардад. Кас меҳоҳад, ки инсонҳо аз ин ганҷинаи тамомношуданӣ бо ҳаловат истифода намояд. Ҳар гоҳе, ки шахс ба ин даргоҳи илму маърифат ворид мегардад, гўё ба дунёи зебою рангин ва сеҳрангези он ворид мешавад, ба он ҷойе, ки зиндагии мо аз он рушд бештар менамояд, ҳамеша азми ҷустуҷў ва мутоила меравем.
Ин қаср дар қалби Душанбеи зебо, дар майдоне боазамат ва кушоду равшан бо беҳтарин сурат ва меъморӣ қомат рост кардааст. Бино боҳашамат дар паҳлӯи Майдони Озодӣ, муҷассамаи бемисли амир Исмоили Сомонӣ-бунёдгузори давлатдории тоҷикон, Боғи устод Рӯдакӣ-абармарди шеъри форсӣ, Хонаи Радио, Қасри Миллат, ки ҳамагӣ ҳоло ба як муқаддасоти арзишмади миллат табдил шудаанд, такя задааст. Ин кохи боазамату шукуҳи фарҳангу маърифат дар миёни маҷмааи бузургтарин муассисаҳои илмию фарҳангӣ, сиёсию иҷтимоӣ, боғҳои фароғатӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҳамчун кохи бузурги ҳикмат, мўътабартарин қасри маърифат қомат афрўхтааст, ки як гўшаи хотири ҳамаамон ба он банд аст, онро чун модар, падар, ҳамчун дилбар азизу гиромӣ медорем,
Маҳз ҳамин Китобхонаи миллӣ ҳаст, ки дар дили мо муҳаббату садоқат афзуда, чароғи маърифатамонро равшан гардонида, бароямон шоистатарин сифатҳо эҳдо менамояд, ки ба халқу миллати худ, ба ҳамаи мардуми дунё некхоҳу гиромиқадр бошем.
Китобхонаи миллӣ ҷойи муқаддас аст, ҳар кӣ ба он ворид гардад, нури сафо мебинад, дурбину болидатабъ мешавад, донишманд, дар оянда ҳакиму мутафаккир берун меояд.
Китобхонаи миллӣ, ҳамин хел, ба хонандагони худ беҳтарин, шоистатарин хислатҳо бахшида, ўро дар маънавият баркамол мегардонад, шояд дар дунё дигар ҳеҷ чиз ин дараҷа ба инсон меҳрубон набошад, чӣ хеле, ки китобхона садоқат карда метавонад. Вай хотираи халқ, абадияти маънавияти миллат ва умуман нерўи заковати донишмандони сайёраи Замин мебошад.
Китобхонаи миллӣ хазинаи пурасрору сеҳрангезест, ки кас дар он ворид шуда, дар таъсири сеҳру афсуни китобҳои нодир боқӣ монда, то дер гоҳ аз он берун баромада наметавонад.
Вай муқаддастарин хазинаи асрори сухан, ҷойгоҳе мебошад, ки одамон барои ҷамъ овардани сарват ва ганҷҳои маънӣ мераванд. Китобхона ба мисли бўстонсароест, ки хонанда дар он дохил гардида, аз гузаштаи дури таърих то имрўз саёҳат менамояд, аз гулу меваҳои пухтарасидаи маънӣ шаҳдком мешавад, ҳаловат ва нашъа мегирад.
Дар Китобхонаи миллӣ бо он касоне ҳам, ки дар сўҳбаташон нишастанро орзу менамоед, дарёфта, аз хазинаи суханҳои пуртаровату гуногунсоҳаашон лаззат мебаред. Китобхонаи миллӣ шуморо ба манзили умеду мақсад мерасонад, як сабаби ҷиддии хушбахту саодатманд гардидани одамон ҳамин китобу китобхонаҳои олам, ганҷинаҳои пурсарвати эҷодкардаи одамизод мебошанд. Кас ҳар гоҳ, ки ба ин коҳи маънӣ по мегузорад, фикрҳои нопухтаю норасидаи худро, ки дар майнаи сар парвоз менамоянд, ба даст гирифта, аз пайи парваришу тарбия карданашон мешавад.
Қасри китоб аз қаъри баҳру уқёнусҳо ба дасти ғаввосҳои моҳир дурдонаҳоро чун ҳадя мерезад. Он вуҷуди инсонҳоро пок гардонида, ҳавас ва иштиёқашонро ба олами маънавӣ афзун менамояд.
Пешрафти инсоният аз китобу китобхонаҳост, ҷамъият аз китобу китобхонаҳо нашъунамо меёбад. Китобхона сарманзили умеди ҳамаи одамони пешқадами Сайёраи замин мебошад. Китобхонаҳои олам алҳол муқаддастарин манзилҳои маърифатанд, мо дар онҳо ворид гардида, бо асосҳои илм ошно мешавем, чароғи маърифатро равшан, тангноҳои торики ҷаҳолатро пурнур мегардонем.
Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун объекти дорои арзиши махсус, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи миллии ҳуҷчатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ- иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, пешбурди фаъолияти китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва китобшиносиро таъмин менамояд. Китобхона дорои 25 толори хониш барои 1500 ҷойи нишаст, 28 маҳфузгоҳ барои нигаҳдории 10 млн. китоб ва дигар навъҳои асноди иттилоотӣ, 9 маҷлисгоҳ ва толори баргузории ҷаласаву конфронсҳо барои 1200 ҷойи нишаст, 3 толори намоишгоҳи китобҳо, 36 шуъбаву 4 марказ иборат мебошад.
Таъсисиёбӣ ва ба фаъолият шурўъ кардани бахшу шуъбаҳо толорҳои нави хониш имконияти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, таҳияи навъҳои мухталифи феҳресту картотекаҳои электронӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагони муқимӣ ва ба фондҳои чопӣ ва электронии китобхона таъмин намуд. Истифодаи технологияи нави иттилоотӣ дар таҷрибаи Китобхонаи миллӣ баҳри вусъатбахшии барномаҳои нави хизматрасонии китобдорӣ мусоидат намуда, барои истифодабарандагон шароитҳои бароҳати мутолиотӣ муҳайё сохт. Истифодабарандагон имконияти дастёбии ройгонро ба манбаъҳои зерин:
- феҳрест ва картотекаҳои электронӣ;
- манобеи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон;
- бонки марказонидашудаи иттилооти ҳуқуқии «Адлия»;
- истодабари шабакаи байналмилали «Интернет»;
- Китобхонаи электронии диссертатсияҳои Китобхонаи давлатии Русия ва ғайра доранд.
Маҳз кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аввалин шуда мисли занбўри асал ангубин – мавод ҷамъ оварда, пешкаши гурўҳи васеъи хонандагон мегардонанд. Коргарони даргоҳи илму маърифат ҳамчун шўълапошоне ҳастанд, ки шахсони ба ин даргоҳи маърифат воридшударо аз ганҷҳои нуҳуфтаи донишу нуронӣ менамоянд.
Ҷамил Валиев,
сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон