Ба тифлон - ширкаткунандагони маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзуъи Рӯзи Ғалаба пешниҳод шуд. Вазифа он буд, ки атфол тасаввури худро дар бораи Ҷанг ва Пирӯзӣ рӯйи коғаз оранд.
Чун ҳамеша роҳбалади маҳфил мавзуъро фаҳмонд ва чӣ будани Ғалабаро аввал аз худи онҳо пурсид, то дониста шавад, ки мавзуъ то кадом ҳад барояшон ошност.
Сипас, онҳо тасаввури худро дар бораи ҷангу ғалаба рӯйи коғаз оварданд.
Басо рангин буд тамошои дуёни тифлон ва бардошти онҳо аз ҷанг ва пирӯзӣ.
Аксҳои поён намунае аз он маҳфил аст, ки рӯзи 6-уми май дар толори кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.