"Русияи муосир чӣ мехонад?"
Нашр шуд 2016-01-22 15:59
Таҳти ҳамин унвон субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш-муаррифии китобу китобхона дар Русия баргузор шуд. Ташкилкунандагони ин намоиш мегӯянд чорабинӣ дар доираи Фармони президенти Русия Владимир Путин доир мешавад, ки соли 2015-ро дар ин кишвар соли адабиёт номида буд. Ин барномаест, ки аз сармояи барои грантҳои вижа ҷудокардаи ҳукумати Русия амалӣ мегардад.
Дар ин чорабинӣ Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода, ҷонишинони Директори Китобхонаи миллӣ, роҳбари лоиҳа, ҷонишини директори “Хазинаи дастгирии барномаҳои фарҳангӣ-маърифатии “Мусоидат” (Русия) Татяна Козлова, мудири Маркази омӯзишии баъди мактаби олӣ ва омӯзишҳои касбии иловагии мутахассисони Китобхонаи давлатии Русия, номзади илмҳои иқтисодӣ Екатерина Дударева, корманди калони илмии шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии китоб ва хониши Китобхонаи давлатии Русия, доктори илмҳои филологӣ, узви Иттиҳоди нависандагони Русия Татяна Миронова ва дигарон ширкат карданд.
Сайфиддин Назарзода бо изҳори хушӣ аз баргузории ин гуна як чорабинӣ дар Китобхонаи миллӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон роҳбарияти Ҳукумат ва Президент ба китобу китобхона аҳамамияти вижа медиҳанд ва ҳоло як барномаи тӯлонии давлатӣ дар ин замина амалан татбиқ мешавад.
Татяна Миронова, ки баъди сухани ифтитоҳии Татяна Козлова суханронӣ мекард, барномаро барои ҳозирин муаррифӣ намуд.
Дар ин намоиш слайд-шоуи китобхонаҳои федералии Русия, бахши мусиқии “Маҷмаъаи тилоии оҳангҳои Русия”, ошноӣ бо китобҳои хеле ҷолиби интишороти чопхонаҳои ин кишвар пешкаши ҳозирин шуд. Аз ҷумла 111 номгӯй китобҳои классикӣ, бачагона ва муосир муаррифӣ шуданд.
Ҳамаи ин китобҳои муаррифишуда барои нигаҳдорӣ ва истифодаи баъдӣ ба хазинаи Китобхонаи миллӣ аз ҷониби меҳмонон тақдим гардиданд.
Гуфтанист, ки ҳайтаи Русия дирӯз вориди Китобхонаи миллӣ шуд ва дар аввалин фурсат баъди мулоқоти кутоҳ бо роҳбарият аз толорҳои хониши китобхона дидан намуд.
Сурагир: Хусрави Милод