Ғубори Исфахонӣ. Мизо Абутуроб (фавт 1730, Аҳмадободи Гуҷарот; бар асари муноқишаҳои дохилӣ кушта шуд), шоири форсизабони Ҳиндустон.
Ҳамроҳи падараш Мирзо Муҳаммадалихон, ки аз «силсилаи мирзоёни дафтари Сафавия» буд, ба Ҳиндустон рафта, дар замони барҳаёт будани падараш ва баъд аз вафоти ў дар дарбори ҳукмронони он сомон хидмат мекард. Дар Акбаробод ва Аҳмадободи Гуҷарот зиндагиву эҷод кардааст. Дар тазкираҳо бо нисбаи Гуҷаротӣ низ ёд шудааст. Дар оғоз Ғубор тахаллус мекард. Сипас тахаллусашро ба Туроб иваз намуд. Дар тазкираҳо, масалан, «Хизонаи омира» суханвари «хуштабъ, дақиқулфикр, маъниёб», «Сарви Озод» чун «шоири хушзехн», «Сафинаи Хушгў» чун «шоири хушфикр, хушзабон, соҳибталош, бисёрдон» тавсиф шудааст. Вақте ки Ҷаъфар мутахаллис ба Ошиқ ном шоире дар ҳаҷваш қасида гуфт, ў дар ҷавоб рўбоии зеро сурудааст:
Ғуяд, ки ҳаҷв кард моро Ҷаъфар,
Ширину латиф ҳамчу ширу шаккар.
Сад шукр, ки он чи айби мо буд, Ғубор,
Имрўз барои дигаре гашта ҳунар.
Абёти зер низ аз ўст:
Ҷони Маҷнуну дили Фарҳод мехоҳем мо,
Хонаи занҷирро обод мехоҳем мо…
Нола бо мурғи қафас пайғоми мо шояд нагуфт,
Синаи чоку дили ношод мехоҳем мо.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 121-122.
Муаллиф З.Ғаффорова
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.