Биёед, ба китобхона меравем!
Ба Китобхона чаро равем?
Шояд дирӯз ин соуол дар сари бисёриҳо чархид. Наврасону ҷавононе, ки по ба остонаи Китобхонаи миллӣ мегузоштанд ва иддае, ки шояд бори аввал даъватро пазируфтаву омода буданд, шояд мепурсиданд аз худ, ки чаро онҳо бояд ба китобхона раванд, дар ҳоле, ки ин шаҳр пур аз дискоклубу боғҳои истироҳатист.
Баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ пур аз одам шуд. Ба даъвати “Биёед, ба китобхона меравем!”, даҳҳо нафар посух доданд ва дар вақти муайншуда худро ба бинои Китобхонаи миллӣ расонданд.
Истиқболи гарми кормандон ва ҳидоят ба як тамошо, як сайр дар толорҳое, ки танҳо аз китоб нишон медиданд. Даҳҳо нафар саргарми мутолиа, даҳҳо нафари дигар дар ҷустуҷӯи китобҳои мавриди назар бо кӯмаки кормандон сар ба картотекаҳо фуру бурдаанд.
Ин манзараҳо на ба ҳама ошно буд ва он ки омаданд, то донанд, ки чаро даъват шудаанд, худ мароқангез буд. Аммо аксари ин афрод донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва, бештари эшон донишҷӯёни соли аввали ин боргоҳи маърифат буданд.
Дар ошёнаи нуҳум, ки як толори мулоқоти зебо дорад, меҳмононро Директори Китобхона, профессор Сайфиддин Назарзода интизор буд. Суҳбат бо сарвари Китобхонаи миллӣ аз торихи бунёду шароитҳои фароҳамомада дар китобхона шуруъ шуд.
Сайфиддин Назарзода гуфт, ки Китобхонаи миллӣ дар Тоҷикистон соли 1933 ташкил шудааст. Соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Соли 1993 бошад, Китобхона мақоми миллиро дарёфт кард. Бо гузашти ҳудудан 80 сол бинои собиқ ба талабот ҷавобгӯ нашуд. Афзудани теъдоди китобҳо ва фарсуда шудани рафҳои китобмонӣ дар таҳхонаи бино, ки маъмулан бойгонӣ дар он нигаҳдорӣ мешуд, заҳ кашидан ва бар асари он хароб шудани сохтори китобҳо, ҳамчунин замонавӣ набудани толорҳои хониш он заруратеро пеш овард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди бунёди як бинои мутобиқ ба шароити замон тасмим бигирад. Ин буд, ки 4-уми сентябри соли 2007 бо иштироки Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави китобхона гузошта шуд”.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳозиронро бо бинои нав ошно кард ва гуфт, ки “он 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дорад. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад. Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши хазинаҳои китоб, фарогирии хадамоти китобдорию иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Бинои нави Китобхона барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шуда аст”.
Китобхона дорои толорҳои хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар намудҳои асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотии ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Аз ҷумла, 25 толори хониш бо 1458 ҷои нишаст барои хонандагон мавҷуд аст. Аз ин ҳисоб 274 таваққуфгоҳи автоматикунонидашудаи корӣ барои хонандагон ҷудо гардидааст. Китобхона дорои 3 намоишгоҳи китоб: осорхонаи китоб барои ба намоиш гузоштани дастхатҳои қадима ва китобҳои нодир; галереяи китоб барои созмондиҳӣ ва баргузории намоишгоҳҳои китоб доир ба соҳаҳои мухталифи дониш ва намоишгоҳи китобҳои тозанашр мебошад. Имрӯз дар ин се намоишгоҳ беш аз 2500 китоб ба намоиш гузошта шудааст. Дар китобхона 9 маҷлисгоҳ ва толорҳои баргузории ҷаласаву симпозиумҳо мавҷуд аст, ки дорои 1100 ҷойи нишаст мебошад. Инчунин барои хонандагон 215 ҷойи нишаст барои тафреҳ ва 558 ҷойи таомхӯрӣ дар ошхонаҳои китобхона муҳайё карда шудааст.
Мудири шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Ҷалолиддин Нуров дар мавзўи «Нақши китоб дар афкори хонанда» суханронӣ намуд ва ёдовар шуд, ки китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамадин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари гаҷи сухан аст.
Интернет бо вуҷуди он ки миёни оммаи олам шуҳрат пайдо кардааст, вале боз ҳам натавонист, ки фазилат ва қимати китоб ва китобхонаро коста намояд.
Бояд гуфт, ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур тарғиб ва ҷалби донишҷўён ба китобу китобхона мебошад.
Дар охири чорабинӣ мубодилаи афкор миёни Директори Китобхона миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода ва иштирокдорон сурат гирифт.
Ҳамчунин, баъди адои чорабинӣ кормандони шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба толорҳои хониш ва фаъолияти китобхона аз наздик шинос намуданд.
Баъд аз саёҳати китобхона аксари онҳо аъзои Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуданд.
Қарор аст аз ин ба баъд ин гуна дидору мулоқот ҳамешагӣ баргузор шавад.