Фотима Ғуломова-ҳунарманди маъруф ва яке аз шаҳсутунҳои ҳунари тоҷик даргузашт
Нашр шуд 2021-03-02 10:02
Фотима Ғуломова-яке аз ҳунармандони маъруфи кишвар дар синни 87-солагӣ дар манзилаш шаҳри Душанбе аз олам даргузшт. Фотима Ғуломова ҳамсари шодравон Ҳабубллоҳ Абдураззоқов аст, ки моҳи январи соли равон аз олам гузашта буд. Фотима Ғуломова муддати бештар аз 60 сол дар саҳна буд ва дар даҳҳо намоиши театрҳо ва филмҳо нақшҳои хотирмон бозидааст, дар дубляжи садҳо филм ширкати фаъолона доштааст. Модаре, ки ҳунарманди маъруфе чун Барзуро ба миллат дода.
Фотима Ғуломова 31 декабри соли 1934 ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст. Ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990). Хатмкардаи (1960) Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи ш. Маскав аст.
Муддате дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Хуҷанд ҳунар озмуда, аз соли 1961 актрисаи Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ мебошад.
Давоми ним аср образҳое таҷассуми саҳнавӣ додааст, ки теъдодашонро ҳисоб кардан мушкил меояд. Ба шарофати қобилияти фитрӣ, меҳнатдўстӣ, меҳри санъат, ғайрати эҷодӣ дар ҷодаи касб мартаба ёфт. «Иҷоранишин», «Рўдакӣ», «Корвони бахт», «Духтари бебисот», «Соҳибаи меҳмонхона», «Қуллаи Фудзияма», «Камбағалӣ айб нест», «Хатро ман навишта будам», «Сароби хунин», «Машварат», «Хонадони Бернардо Алба», «Рустам ва Сўҳроб», «Имтиҳон» барин намоишҳо аз ҳунараш ҷилои тоза ёфтаанд. Дар кинофилмҳои тоҷикӣ, саҳнаю намоишномаҳои телевизионӣ низ аз истеъдодаш фоида бурдаанд. Дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ фаъолона иштирок намудааст.
Дар бораи Фотима Ғуломова дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед суроғ кунед:
Ҳадис, Қ. Маҳорат: Аз фаъолияти артисткаи театри драммавии ба номи А. Лоҳутӣ Фотима Ғуломова // Занони Тоҷикистон. – 1969 . – №4. – С.10-11.
Субҳонов, Э. Дар интихоб хато нашуд: Ҳунарпешаи номии Театри академӣ – драммавии ба номи А.Лоҳутӣ Фотима Ғуломова // Маориф ва маданият. –1976. – 13 январ.
Укази Прездиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон дар бораи Ба Ғуломова Фотима, артисткаи Театри далатӣ – акдемии ба номи А.Лоҳутӣ додани унвони фахрии « Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон » // Ведмостҳои Советии Олии РСС Тоҷикистон. – 1990. – №20-21. – С.7.
Ғуломова, Ф. «Ман табиатан шўҳратпараст нестам! »: Мусоҳибаи Б. Қодирдухт бо ҳунарманди шинохта Фотима Ғуломова // Чархи гардун. – 2000. – 8 сентябр.
Ғуломова, Ф. Театр зиндагии ман аст: Мусоҳибаи Меҳрафзун бо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова // Чархи гардун. – 2005. – 29 январ.
Ғуломова, Ф. Театр шараф ва осоиши ман аст, мегўяд ҳунарпеша Фотима Ғуломова: Мусоҳибаи Мавҷудаи Соҳибназар бо ҳунарпеша оиди ҳаёт ва фаъолият // Омўзгор. – 2008. – 14 ноябр.
Шохонов, А. Суруди аллаат болу парам дод: Нақл дар бораи ҳунарпешаи маҳбуби тоҷик Фотима Ғуломова // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 6 ноябр.
Таҳияи Марзия Зардодхонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.