Чанд ҳарфе барои донистани ғеша

Ғеша (Carex pachystylis), ран, гиёҳест бисёрсола. Дар шимоли Африқо (Миср), Осиёи Пеш (Афғонистон, Эрон, Ироқ, Исроил, Урдун, Лубнон, Сурия, Туркия), Қафқоз (Арманистон) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мерўяд. Пояаш рости серқирра, 10-30 см қад мекашад. Баргаш борик, аз поя кўтоҳтар; дарозиаш 5-10, дар ҷойҳои сернам 30-40 см.

Хўшагулаш саракмонанди бўртоб (аз 4-7 хўшача иборат аст), донаш мудаввар, гирдаи сиёҳтоб (дарозиаш 2-3 мм). Дар доманакўҳҳо ва талу теппаҳои ҷумҳурӣ (дар баландиҳои 300-1300 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.

Ғеша қариб ҳамеша бо роҳи нашвӣ афзоиш меёбад. Моҳҳои феврал – март гул карда, апрел – май дон мебандад. Нисбат ба дигар алафу гиёҳҳо тезтар месабзад.

 Ғешазорро чанд бор дарав кардан мумкин аст. Он хўроки хуби чорвост. Ғеша асоси нимсаваннаи алафзори пасти минтақаҳои хокаш хокистарии кушод ва сиёҳтоби Осиёи Марказӣ мебошад. Аз 1 га ғешазор зиёда аз 20 т хошок тайёр мекунанд.

Ғеша дар давраи гулшукуфт то 22% протеин, 10-12% карбоҳидрат, 2-3% равған ва 49% насҷ (клетчатка) дошта, дар фасли тирамоҳу зимистон барои чорвои хурд хошоки аълосифат мебошад. Дар давраи хўшабандӣ 0,42% Са ва 0,1% Р, ҳангоми гулшукуфт 0, 34% Са, 0,078% Р ва дар давраи мевабандӣ 0, 41% Са, 0,7% Р дорад.

Сифати хошоки ғеша нисбатан паст, миқдори калсий, фосфор, сафедаи ҳозим ва карбоҳидраташ кам аст. Дуру дароз ба чорво додани хошоки ғеша боиси ихтилоли узвҳои ҳозима, нармшавии устухонҳо ва рахит мешавад. Силоси ғеша хушхўр аст. Қисми асосии решаи ғеша дар умқи 0,5 см ҷойгир буда, хокро аз обшўй нигоҳ медорад.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 80.

Муаллиф:  С. Ализода.

Таҳияи Фирӯза Восиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.