Муаррифӣ: ФАЛАК
Нашр шуд 2021-01-25 17:00
Ин китоби дарсии амалӣ зимни методикаи суннатии фалакхонӣ мурратиб гардидадаст. Методикаи суннатии устод-шогирд ба назарияи пўшидаи муқом (парда) такя карда, заминаи илмӣ-методии санъати касбии фалакхониро ташкил медиҳад. Китоби дарсии амалӣ дар омўзиши қонунҳои асосии он – муқом, зарб ва композитсия (таълиф, муқомбандӣ) дар асоси қавоиди мактаби суннатии устод-шогирд сохта шудааст.
Китоби дарсӣ барои истифода дар таълиму иҷроиши фалак тавсия дода мешавад.
Дар мақолаи аввалини он, ки “Хиради фалаку фалакхонӣ” ном дорад, мехонем: “Омўзиш ва пажўҳиши Фалак якҷоя бо эҳёи мактаби суннатии он – устод-шогирд оғоз гардид. Ин тамоюли хеле дурнамоест, ки на танҳо дар умум ба хештаншиносӣ, балки ба зинда кардани решаҳои педагогикаи бадеӣ ва касбии миллати тоҷик равона карда шудааст. Ба ин ҷараёни судманд дўстдорону мутахассисони ин падидаи зебои мусиқии тоҷик бо завқи хушу илҳоми бузург ворид гардиданд.
Сирру асрори мусиқӣ танҳо дар муносибати самимӣ, меҳнати поквиҷдонона, дороии касбият ва фаҳмиши баландсатҳ ба кас муҳайё мегардад. Кўшишҳои устодони номии Фалак дар тарбияи фалакхонони ҷавон дар сатҳи мактабҳои ҳунарии маҳал ва авлодӣ имконият дод дар давраи на чандон дуру мураккаби шўравӣ падидаи Фалакро ҳифз намояд. Ин буд, ки фалакхони авлодӣ Устод Одина Ҳошим (1937-1993) ба ибтикору нангу номуси хеш тавонистааст ҳатто дар давраи шўравӣ мактаби авлодиашро то мактаби маҳаллӣ васеъ карда, як зумра шогирдонеро тарбия карда, дар замири онҳо илму қавоиди ин падидаи бузурги маънавиро ҷо намояд, гарчанде онҳо ҳаргиз ба авлоду хонаводаи ў тааллуқ надоштаанд, ба мисли Гулчеҳра Содиқова, Мирзоватан Миров, Файзалӣ Ҳасанов, Абдусалом Раҳимов, Шокир Қодиров, Озодамоҳ Муҳтарамова ва дигарон.
Китоби “Фалак” (қисми 1) соли 2019 чоп шудаву ҳоло онро метавон дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намуд ва баҳраҳо бардошт.
М. Зардодхонова, мутахассиси шуъбаи тарғиб
ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.