Нусхаҳои муътабари фонди тиллоии китобхонаи миллии Тоҷикистон

Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар тўли фаъолияти хеш барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди баррасӣ қарор додани нодиртарин ёдгориҳои хаттии миллати тоҷик, дастнависҳои илмию адабӣ, ки садсолаҳо умр доранд, саҳми муносиб гузоштааст. Маҳз бо саъю кўшиш ва таҳқиқотҳои пурарзиши ходимони фидоии Китобхона беҳтарин намунаҳои осори хаттӣ ҷамъоварӣ ва аз нав эҳё шуда, ба ҳайси муқаддастарин арзишҳои волои миллӣ барои  шинохти воқеии таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва зиндасозиву абадигардонии хотираи пурғановати таърихӣ нақши муҳим бозиданд.

Китобхона ҳанўз аз ибтидои таъсис ба масоили гирдоварӣ, таҳқиқ ва тарғиби нусхаҳои хаттӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард. Моҳи майи соли 1933 Пажўҳишгоҳи илмӣ таҳқиқотии назди Комиссарияти маорифи халқии Тоҷикистон ба Китобхонаи Фирдавсӣ аввалин маҷмўи дастхатҳои нодирро интиқол медиҳад ва баъд аз як сол дар сохтори  Китобхона Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, ки имрўз махзани асосии нусхаҳои муътабари хаттӣ маҳсуб меёбад, ба фаъолият шурўъ мекунад. Ҳадафи асосии Шуъба, қалб аз ҳама, ҷамъоварӣ, коркард, таҳқиқ, ҳифз ва нигоҳдории нусхаҳои нодири хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ буд. Дар радифи ин иқдоми нек, кормандони шуъба дар созмондиҳӣ ва таҳияи аввалин феҳристҳои нусхаҳои хаттӣ кўшиш ба харҷ доданд.

Соли 1953 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ як қисми фонди дастхатҳои Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (3290 нусха, аз ҷумла 1804 нусха дастхат) ба Академияи илмҳои Тоҷикистон интиқол дода шуд ва ин фонд барои таъсиси Пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ замина гузошт. Аз соли 1954 Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ фаъолияти хешро ҷиҳати ҷамъоварӣ ва дастрас намудани нусхаҳои нодири хаттӣ аз аҳолӣ идома дод. Масалан, бо ташаббуси яке аз ходимони фидоии соҳаи китобдорӣ, ки беш аз ним аср вазифаи мудири Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири КМТ – ро ба уҳда дошт, устод Абдуллоҷон Юнусов дар радифи дигар намунаҳои беҳтарини осори ниёгон, чунин дастхатҳои нодир, аз қабили «Таърихи Фирўзшоҳ»- и Зиёи Баранӣ (асри XIV) “Хамса» - и Амир Хусрави Деҳлавӣ (асри XV), «Рашаҳот» - и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (асри XVI), «Нигористон» - и Ҷувайнӣ (асри XVI), «Лавомеъ – ул – асрор» - и Аллома Қутбиддини Шерозӣ (асри XVI), «Ҷодат – ул – ошиқин»- и Ҳусайни Хоразмӣ (асри XVI), «Хамса» - и Низомии Ганҷавӣ (асри) ва дигар осори қаламӣ, ки ба соҳаҳои мухталифи илму адаб бахшида шудаанд аз аҳолӣ ҷамъоварӣ шуда, ба фонди тиллоии Китобхонаи миллӣ ворид шуданд.

 Имрўз дар фонди тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири КМТ 26576 нусха китобҳои нодир, ки мутааллиқ ба асрҳои XII - XIX мебошанд, ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, «Таърихи Табарӣ» - и муаррихи маъруфи асри Х, Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (асрҳои XIII- XIV) «Ҳандаса» - и Хоҷа Насриддини Тўсӣ (асри XV), «Эҳёи улуми дин» -и Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ (асри XV), «Шоҳнома» -и Абулқосими Фирдавсӣ (асри XVI), «Девон»- и Абдурраҳмони Ҷомӣ (соли 1526) ва маснавии ў “Юсуф ва Зулайхо» (соли 1571), «Гулистон» ва «Бӯстон» -и Саъдии Шерозӣ (асри XVI ), «Хамса»-и  Амир Хусрави Деҳлавӣ (асри XVII), «Рисолат – ул- азҳавия»-и Абўалӣ ибни Сино (асри XVII), «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ (асри XVII), «Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир (асри XVII), «Ҳидояти шариф»-и Бурҳониддин Алӣ ибни Абубакри Марғенонӣ (асри XVII), «Маснавии маънавӣ-и Ҷалолиддини Румӣ ва дигар осори муътабар, ки марбут ба соҳаҳои  гуногуни илм мебошанд, мояи ифтихори китобхона мебошанд. Ин нусхаҳо хаттӣ ҳамчун мероси гаронмояи миллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми махсуси ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ қарор доранд.

 Муҳаммадӣ Ҳодизода Навид -яке аз муҳаққиқоне, ки чанд муддат дар таҳқиқу феҳристнигории нусхаҳои хаттӣ саҳм гирифта буд, андешаҳои хешро перомуни захираи Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири КМТ чунин баён намудааст: «Дар давоми кор ки хеле дақиқ сурат мегирад, чашмам ба нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои пурарзиш ва нодире меафтад, ки метавон гуфт дар зоти худ ягона ва мунҳасир ба фард ҳастанд. Дар воқеъ он нуқтаи равшан ва воқеияти ҳол бори дигар ба субут мерасад, ки миллати сарбаланд ва фарҳангсолори мо чи асолати таърихиеро ба душ дошта ва чи сарвати бебаҳои илму донишро нисори оламиён намудааст. Бе муболиға мегўям, ки дар ин хазинаи бебаҳои миллат яъне нусхаҳои хаттӣ, дар тамоми мавзўот метавон маводи хонданӣ ва таҳқиқотӣ пайдо намуд, аз қабили мантиқ ва фалсафа, илми балоғату баён, сарфу наҳв, таърих ва тамаддун, шеъру адаб, ахлоқ ва русум, рисолаҳо дар бораи шаҳрсозӣ, боғкорӣ, кишоварзӣ, хонаву манзил, рисола дар бораи тайёр намудани таомҳо, дар бораи шикор ва асноду васиқаҳои амлок, қазовату додгоҳӣ ва насбу азли волиён ва ҳокимон ва садҳо мавзуоти рўзмарраи зиндагии башарӣ, ки то ҳоли ҳозир қимат ва арзишҳои илмӣ, таърихӣ ва мадании худро аз даст надодаанд. Боиси таассуф ва хиҷолат аст, ки ин ганҷи бебаҳо мавриди истифодаи оммаи мардум  қарор нагирифтааст, ба ҷуз чанд нафар пажўҳанда ва ба истилоҳ муҳаққиқоне, ки меоянду бархе ин дастнависҳоро варақ мезананд ва матн ё мазмуни мавриди назарашонро барои иқтибос дар корҳои ба истилоҳ илмиашон рўнавис мекунанду мераванд. Зимни баррасӣ ва бознависии нусхаҳои қадима якчанд рисола ва китобҳои пурарзишеро мушоҳида кардам, ки банда аз мутолиаи андаки онҳо дар худ ҳаяҷону шефтагӣ ва тааҷҷуби амиқи қалбӣ эҳсос кардам, азбаски ин нусхаҳо аз нигоҳи ман қадимтарин намунае аз таърих, тафсир ва аз ҳама муҳим забони ширину мавзуну гуворои тоҷикӣ буданд. Ман бо қотеъият ва итминони комил мегўям, ки чашми муҳаққиқе, забоншиносе ва ё муаррихе бар ин китобҳо наафтодааст ва агар ҳама боре дидаанд, таваҷҷуҳи зарурӣ накарданд”.

Матлаби боло иқтибосе буд аз китоби донишманди тоҷик Шариф Комилзода “Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз”, ки соли  2015 чоп шудааст. Ин китобро, ки чуноне аз номаш пайдост аз таърихи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳикоят мекунад, шумо метавонед дар ҳама толорҳои хониш фармоиш ва мутолиа намоед.

М.Назарова,

сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.

Барчаспҳо: