Китобхонаҳои электронй дар раванди технологияи иттилоотй

Шабакаи Интернет дар ҳоли яке аз муҳимтарин ва ғанотарин манобеи  иттилоотӣ  барои донишмандон ва  дигар алоқамандон ба ҳисоб меравад. Нақши ин шабака, ба вижа дар ҳавзаҳои улум ва технология, ки дастраси сареъ ба иттилооти рўзомад аз иттилооти махсусе бархурдор аст, бисёр чашмгир ва ғайриқобили инкор аст.

Бунёд, коркард ва рушди Китобхонаҳои электронӣ (КЭ) аз назари таърихӣ чунин баррасӣ гардидааст:

  - ибтидо, таҳаввул ва дигаргуншавии симои берунии китобхона ба унвони омили дастрасӣ ба технологияи компютерӣ ва иртибототӣ;

 - дуввум, рушди технологияи китобдорию иттилоотӣ бо назардошти рушди ҷомеа, қабл аз ҳама ба технологияи тавсиаёфта.

Бештари мутахассисон чунин назар доранд, ки гўё КЭ таърихан барои инкори «китобхонаҳои коғазӣ» ташкил гардидааст ва КЭ бо китобхонаҳои суннатӣ дар иртибот набудаанд, аммо чунин набудааст, баракси он ин ду ҳамдигарро комил менамоянд.

Мафҳуми муштарак ва ягонаи онҳоро баррасӣ менамоем: китобхонаҳои электронӣ, китобхонаҳои рақамӣ, китобхонаҳои маҷозӣ (вертуалӣ), медиатека, китобхонаҳои бидуни марз, китобхонаҳои деҷитолӣ  ва ин ҷо танҳо барои равшан гардидани матолиб истилоҳи Китобхонаҳои электрониро (КЭ) мавриди истифода қарор медиҳем.

Таҳаввули мазмуни мафҳуми КЭ:

Ресурсҳои захираи компютерӣ (қобили хондан бо мошин) аз тариқи  конверсисозӣ ба шакли қобили хондан бо мошин (оцифровки) асноди  чопшуда. Ба чунин тезис таҳияи КЭ барои китобхонаи ватанӣ ва хориҷӣ ба шумор меравад, ки қаблан китобҳои  қадими Китобхонаи давлатии Русия ва фонди авторефератҳои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ оид ба илму техникаи Китобхонаи давлатии оммавии илмӣ-техники Русия ва китобхонаи Конгреси ИМА анҷом пазируфта буд.

Ин чанд ҷумла аз китоби Сафар Сулаймонӣ “Китобхонаҳои электронӣ” иқтибос шуд. Дар китоби мазкур масъалаҳои китобхонаҳои электронӣ дар раванди технологияи иттилоотӣ, ИНТЕРНЕТ дар хадамоти китобдорӣ ва иттилоърасонӣ, захираҳои электронӣ, электронисозӣ, навъи файл ва ҳуқуқи муаллиф дар нашрҳои электронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Китоб барои донишҷўён, донишомўзон ва муаллимони риштаи китобдорию иттилоърасонӣ муфид мебошад.

Ин китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фирӯза Маҳмадҷонова,

мутахассиси Маркази такмили ихтисос.

Барчаспҳо: