Бойгонии Китобхонаи миллӣ бо 60 пиесаи адибони тоҷик ғанӣ гардид
Нашр шуд 2021-01-21 16:21
Ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ 60 номгўйи пиесаҳо, ки дар маҷмўъ 101 нусхаро ташкил медиҳанд, ворид шуд. Ин пиесаҳо бо кумаки Раёсати санъати Вазорати фарҳанг ворид шуданд. Акнун хонандагони шуъба имкон доранд он чи пештар дархост мекарданд, вале пайдо набуд, мутолиа кунанд.
Хонандагон имкон доранд бо пиесаҳои мазҳакаи дупардагии «Муаллими рақс» - и Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин, драмаи дупардагии Шодӣ Солеҳ «Қумрӣ шишту Шоҳин парид», драмаи дупардагии Иброҳим Усмонов «Даҳ рўзи генерал Шерак», мазҳакаи дупардагии Абдувадут Файзиев «Фарёди ишқ», драмаи дупардагии «Қарз» - и Ўрунбой Усмонов, драмаи дупардагии Гулчеҳра Муҳаммадиева «Печутоби тақдир», драмаи дупардагии Ҳалим Шариф «Фоҷиаи тангроҳа» ва драмаи дупардагии «Бобуна» - и Абдуғаффори Абдуҷаббор, ки ба Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ пешниҳод шуда, сазовори ҷойҳои намоён гардида буданд, мутолиа намоянд.
Хоҳишмандон метавонанд, ин пиесаҳо ва намоишномаҳоро аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дастрас намоянд.
Муяссар Қаюмова,
Мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар: