Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ
Нашр шуд 2015-10-13 22:27
Зарфи нуҳ моҳи соли 2015 кормандони шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ 150 нусха китоб дар ҳаҷми 90020 саҳифа нусхабардорӣ карда, ба формати pdf баргардонидаанд. Китобҳои омодашуда ба сервери ftp, ки фонди китобҳои электронии Китобхона аст, ҷойгир карда шуд.
Инчунин маводҳои электронӣ -90 адад диск бо забони тоҷикӣ ва 100 адад диск бо забони русӣ, ҷамъ ба миқдорӣ 2500 китоб феҳристбандӣ шуда, нусхаҳои электрониашон ба сервери ftp ҷойгир карда шуданд.
Шакли нави штрих-кодҳо дар ду нусха барои ворид намудани маводҳо ба барномаи Алеф муқаррар гардид ва ба миқдори 71571 дона чоп шуда, мавриди истифода қарор гирифт.
Лоиҳаи барномаи махус бо номи “Китобхонаи электронӣ” барои дастёбии хонандагон ба маводҳои электронии мавҷуда дар Китобхонаи миллӣ омода гардид ва барои амалисозии лоиҳа нақшаи корӣ тартиб дода шуд.
Шартномаи байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Русия барои истифода аз феҳристи электронии диссертатсияҳои Китобхонаи давлатии Русия (http://diss.rsl.ru/) барои соли 2015 ба расмият дароварда шуд.
Иҷозатномаи истифодаи модулҳои барномаи Aleph то соли 2018 тамдид гардид. Тибқи дархости сардори Маркази иттилооти ҳуқуқӣ ва супориши бевоситаи роҳбарият домени lawinfo.kmt.tj ба руйхат гирифта шуд.
Корҳои саҳифасозӣ ва скриптнависӣ барои ташкили саҳифаи асосии китобхонаи электронӣ бар пояи базаи маълумотии SQL сервер ва забони барномасозии ASP.NET қисман ба анҷом расиданд. Аз рўи нақшаи кории бунёди китобхонаи электронӣ системаи амалиётии Linux/Ubuntu 12.04 барои ташкили сервери санҷишӣ насб карда шуд. Дар сервери санҷишии барномаи китобхонаи электронӣ Веб сервери Apache насб гардид. Системаи идоракунии базаи маълумоти SQL сервер барои бунёди базаи маълумоти санҷишии китобхонаи электронӣ насб карда шуд.
Протоколи FTP барои дастёбии барномасоз ба сервери барномаи китобхонаи электронӣ таъсис дода шуд.
Аз 10 то 15 августи 2015 чаҳор нафар корманди Китобхона ба Китобхонаи миллии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия барои омўзиш ва азхудкунии барномаи Aleph рафтанд. Ҳайати корӣ бо мавод ва форматҳои барномаи Aleph, ки аз Китобхонаи миллии Санкт-Петербург дастрас карданд, кормандони Китобхонаро шинос намуданд.