Нуҳ моҳи Маркази “Тоҷикшиносӣ”
Нашр шуд 2015-10-13 22:04
Маркази «Тоҷикшиносӣ» зарфи нуҳ моҳи соли 2015 ду ҷилди навбатии силсилаи «Тоҷнома»-китоби дуюми «Мероси хаттии бостон» (565 с. А-4) ва асари А. П. Шишов «Тоҷикон (500с. А-4)-ро таҳия намуда, барои табъу нашр пешниҳод намуд.
Ҳамзамон дар ин марҳилаи корӣ ду асари дигар-китоби Д.Н. Логофед «Кишвари беҳуқуқон» (200 с. А-4) ва китоби Луи Гонсалес де Клавиҳо «Рўзномаи сафар ба Самарқанд ба дарбори Темур» ( 90с. А-) тарҷума ва таҳрир карда шуданд. Барои ҷилдҳои дигари “Тоҷнома”-“Пажўҳиш дар саргузашти миллати тоҷик” дар ҳаҷми 400 саҳифа ва “Бохтар дар масири тамаддун” дар ҳаҷми 500 саҳифа мавод ҷамъоварӣ ва таҳия карда шуд.