Толори пурхонандаи кӯдакон ва наврасон дар айёми таътили тирамоҳӣ
Нашр шуд 2020-11-09 13:56
Оғозу идомаи таътили тирамоҳӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ боис нашуд, ки сафи хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасон коҳиш ёбад. Балки шуморашон аз рӯз ба рӯзи дигар афзуд ва теъдоди китобҳое, ки дархост мекунанд, низ зиёд шуд. Ҳафатаи сипаришуда 1493 нафар хонандагони наврас вориди толори хониши кӯдакон ва наврасон шудаанд ва 4629 номгӯ китоб дархост ва мутолиа кардаанд. Дар як ҳафта шумори хонандагони тозааъзои ин толори хониш 308 нафар афзудааст.
Баробари хизматрасонӣ ба муштариён мувофиқи нақшаи корӣ дар шуъба маҳфилҳо бо хонандагони фаъол гузаронида мешавад. Ҳамарўза хонандагон аз адабиётҳои дархостшуда ва тозанашр истифода бурда, дониши худро сайқал медиҳанд.
Ба хонандагоне, ки ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рўи ҳамагуна наминатсиҳо иштирок доранд, маслиҳатҳо дода мешавад.
Фирӯза Раҳимова