Нигоҳе ба тазкира ва тазкиранависӣ
Аз ниёгонамон ба мо дар қатори асарҳои бадеӣ боз садҳо асарҳои илмӣ ва адабӣ, ки ба соҳаҳои мухталиф бахшида шудаанд, ба мерос расидааст. Ҳисоби умумии чунин рисолаҳо, дастнависҳо, тазкираҳо, мундариҷа ва гуногуншаклии онҳо ҳоло тадқиқ карда нашудааст. Инчунин дар корҳои илмию тадқиқотии муаллифони тоҷику форс, оид ба тазкираҳо ва дигар асарҳои ниёгонамон маълумотҳои зиёде мавҷуд мебошад. Ғайр аз дастнависҳо ва баъзе асарҳои чопӣ, инчунин асарҳои адабиро дар китобхонаҳо, осорхонаҳо ва дигар марказҳои фарҳангӣ дарёфт кардан имкон дорад. Ҳама ин маводро мувофиқи шакл ва аҳаммияташон гирдоварӣ намуда, ба се гурўҳ ҷудо намудан мумкин аст
1. Рисола ва тазкира.
2. Баёзҳои дастнавис.
3 .Хотира, ёддошт ва нусхаҳои аввалия .
Рисола асари начандон калони илмию назариявӣ буда, оиди як масъалаи илмӣ ва қонунияти як илм, аз ҷумла, риёзӣ, химия, тиб ва ғайра баҳс мекунад.
Рисола дар таърихи адабиёти тоҷику форс аз садаи Х маъмул гардида буд. Дар ин ҷода хизмати Абўали ибни Сино (980-1037) бузург аст. Ў дар илмҳои тиб, фалсафа, мантиқ, тафсир забон ва адабиёт як силсила рисолаҳо таълиф намуда, ба ин васила донишҳои илмиро ба насли имрўзу оянда ба мерос гузоштааст.
Рисолаҳо барои навиштани таърихи пайдоиши ташаккули илми тоҷик бениҳоят бузург аст. Мутафаккирони тоҷику форс асарҳои начандон калони бадеии худро ҳам рисола номидаанд. Ҳоло ҳама асарҳои калонҳаҷми тадқиқотӣ, ки дар як мавзӯъи мушаххаси илмӣ навишта шудаанд, монография ҳам номида мешавад.
Барои омўхтани мероси ниёгон тазкираҳо ёрии калон мерасонанд, дар онҳо оид ба тарҷумаи ҳол ва эҷодиёти шоирон ва ҳаёти адабии давраҳои муайян маълумот оварда мешавад. Ҳарчанд сохт ва таркиби баёни тазкираҳо гуногун аст, лекин барои ҷой додани мавод байни онҳо як умумият ба мушоҳида мерасад. Дар услуби мураттаб сохтани онҳо як мафҳуми ягонагӣ дида мешавад. Аз ҳамин сабаб, услуби мураттабсозии тазкираҳо аз «Лубоб- ул- албоб »-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар садаи XIII сар карда, то «Тазкори ашъор»-и манзуми Садри Зиё (тахминан солҳои 1910) ба ҳамдигар монанд мебошанд.
Муаллифони «Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ» ҳамаи тазкираҳои ба забони тоҷикӣ мавҷудбударо ба ду гурўх ҷудо мекунанд: Якум тазкираҳое, ки дар онҳо шоирони давраҳои пеш аз замони муаллиф ва шоирони муосир дохил шудаанд. Масалан: «Тазкират - уш-Шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ садаи XV, «Маҷмаъ- ул - фусаҳо»-и Ризоқулихони Хидоят дар аввали садаи XIX-ум мебошад.
Дуюм тазкираҳое, ки ба онҳо шоирони ягон давра, бештар шоирони муосири муаллифон дохил гаштаанд. Масалан: «Музаккир - ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ садаи XVII, «Тазкират–уш-Шуаро»-и Муҳтарами Бухороӣ садаи ХХ-ро дар бар мегирад. Якчанд талаботҳои умумие ҳастанд, ки дар ҷобаҷогузории моводи дохили тазкираҳо дида мешавад, аз ҷумла, муқаддима, тарҷумаи ҳоли шоир, эҷодиёти ў, маҷмўаи ашъорашро дар бар мегирад.
Ба ду гурўҳи дигар: баёзҳои дастнавис, хотира ва ёддошт ва китобатҳои нусҳаи аввалия дохил мешавад. Ҳамаи хотира ва ёддоштҳои адибони гузашта танҳо ба тариқи дастнавис дар махзанҳои махсуси нигоҳдории китобхонаҳо маҳфузанд. Дар луғат вожаи баёз ба маънои сафедӣ, коғаз, дафтари нонавишта ва дигар маъно омадааст. Дар адабиётшиносӣ бошад, шоирон ва нависандагон адабиёти дўстдоштаашонро гирдоварӣ намудаанд. Пайдоиши қоғази сафед варақаҳоро ба ҳам якҷоя намуда ва ҷилдбанди намуданро баёз мегуфтанд. Баъдтар варақаҳои ҷилдшуда ва ёддоштро ҳам баёз номгузорӣ намуданд. Баёзҳо навъҳои гуногун доранд. Дар баъзеашон намунаи ашъори шоирон ғазал, қасида ва қитъа ҷамоварӣ шудаанд.
Баёзҳое ҳастанд, ки матлаи ғазалиёту қасидаҳои шоиронро дар бар мегиранд, ба хилофи тазкираҳо дар баёзҳо зиндагиномаи шоирон оварда намешавад. Баёзҳо ба монанди маҷмўаи ашъор аҳаммияти хос доранд. Ба воситаи онҳо ашъори баъзе шоирони гумноми асрҳои гузаштаро, ки ба шакли девон ё маҷмўае набаромадаанд ва ё девонашон то ҳоло пайдо нагардиданд ва ё аз байн рафтаанд, гирдоварӣ намудан мумкин аст.
Воқеан ҳам хонандаи имрўзаи мо имкон пайдо мекунад, ки бо сарчашмаҳои адабиву таърихӣ ва рисолаву баёзҳои гузашта ошноӣ пайдо намуда, аз осори тазкиранигорону адибони гузашта маълумотҳои заруриро истифода намуда, дониши адабиву илмии худро такмил диҳад. Моро зарур аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории навини тоҷикон хонандагонро бо мероси гузаштагони худ шинос намуда, тавассути нашрҳои илмӣ-интиқодии осори гаронарзиши донишмандон ва мутафаккирон гузаштаи худро омӯзем.
Адабиёти истифодашуда:
- Энсиклопедияи советии тоҷик .-Душанбе:, 1986 .-ҷилди VI .- С.373.
- Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ.-Ходизода Р .,Шукуров М .,Абдуҷабборов Т., Душанбе:.-1968,-Саҳ .107.
Гулов С. сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ