Кормандони Китобхонаи миллӣ дар театри “Аҳорун” намоиши “Исфандиёр”-ро тамошо карданд

Шоми дирӯз аҷаб шоми пурсафое буд. Дар толори театри Аҳорун қатори дигарон як зумра аз кормандони Китобхонаи миллӣ ҳузур ёфта ва яке аз беҳтарин намоишҳои ин театри овозадор “Исфандиёр”-ро, ки аз рӯи асари Фирдавсии бузургвор таҳия шудааст, тамошо карданд. Маврид ба ёдоварист, ки ин намоиш ҳанӯз замоне таҳия шуда буд, ки яке аз ҳунармандони маъруфи кишвар, поягузори ин театр Фаррух Қосим дар қайди ҳаёт буд ва бо гузашти 18 сол театр дубора онро эҳё кард ва дишаб аз тамошои он файз бурдем.

Намоиш дубора бо талоши Фирдавс Қосимов - писари равоншод Фаррух Қосим  рӯи саҳна омадааст.  Ин намоиш дар бораи тохту тоз ва лашкаркашихои Исфандиёр, яке аз қаҳрамонони сутурги “Шоҳнома”-и безавол ва яке аз лашкаркашҳои паҳлавон нақл мекунад. Достони Исфандиёр дар “Шоҳнома” аз пурмоҷаротарин достонҳост.

Намоиш саропо аз саҳнаҳои ҷолибу пандомез иборат буд ва муддати ҳудудан ду соат намегузошт, ки чашм аз саҳна канем.

Маврид ба ёдоварист, ки теотри ба номи Муҳаммадҷон Қосимов (Аҳорун), ки ҳанӯз дар соли 1989 тавассути Фаррухи Қосим ва як гурӯҳ ҳунармандони ҷавон таъсис ёфт, ҳудуди бист сол бинои худро надошт. Ин теотр соли 2014 бо мусоидати шаҳрдори Душанбе пас аз таъмири асосии бинои тахрибшудаи кинотеатри ба номи Горкий барои нахустин бор пас аз солҳои тӯлонӣ фаъъолияти худро дар сохтмони худӣ оғоз кард.

Дар саҳифаи ин театр дар Фейсбук мехонем: Ҳоло гурӯҳи ҳунарии театри Аҳорун таҳти роҳбарии Сабоҳат Қосимова, ҳамсари Фаррух Қосимов нахустин бор дар таърихи фаъолияти худ фурсати кор дар бинои худиро пайдо кардаанд. Акнун гурӯҳи ҳунарии теотр, ки ҳоло дар махзани (репертуор) худ беш аз 10 намоишнома барои тамошобинони хурду бузурд дорад ва дар талоши ғанӣ гардонидани интихоби тамошобин машғули таҳияи намоишномаҳои ҷадид аст, барои дӯстдорони ҳунари асил дар пайравӣ ба мактаби теотри Фаррухи Қосим, бунёдгузори ин теотр аст.  

Рахима Аъзам,

мутахассиси шуъбаи таъмиру тармими хуччатхо. 

Барчаспҳо: