Тармими 1109 китоб дар шӯъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо дар 9 моҳ
Нашр шуд 2020-10-08 08:45
Бахши таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо яке аз бахшҳои таркибии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он қонеъ гардонидани талаботҳои шуъбаҳо ва бахшҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар таъмиру тармими фондҳои китоби шуъбаҳо ва бахшҳо мебошад.
Дар ин нуҳ моҳ аз шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ ба таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо 24-адад дархост ворид гардид. Бахши таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо дар ин муддат 1109–нусха (нисбат ба соли 2019 209-нусха зиёд) китобҳоро таъмир ва муқовабандӣ намуд. Дар маҷмӯъ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 23450 - дона ( нисбат ба соли 2019 – ум 45485 - дона зиёд мебошад) баргаҳоро бо таҷҳизоти махсус тайёр намуда, ба Медиотекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шуъбаи хизматрасонӣ бо муштариён, ба шуъбаи библиографияи миллӣ ва шуъбаи коркарди адабиёт ирсол кард.
Аз шуъбаи нигоҳдории китоб 134 – нусха, аз шуъбаи хизматрасонии библиографӣ 19 - нусха, аз шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён 480 –нусха, аз шуъбаи кўдакон ва наврасон 314 - нусха, аз шуъбаи адабиёти хориҷӣ 17 - нусха, аз шуъбаи нигоҳдории депозиторӣ 24 - нусха, аз Медиотекаи Президентӣ 19 – нусха, аз толори тиб 18 - нусха, аз толори ҳуқуқ 19 - нусха, аз шуъбаи ҳуқуқ ва кадрҳо, бахши умумӣ ва коргузорӣ 65 - нусха адабиётҳои ба таъмир ниёз доштаро қабул ва таъмиру муқовабандӣ шуданд.
Раҳима Бобоева