Баррасии масъалаҳои эҳтиёт аз КОВИД-19 дар як мизи мудаввари Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2020-11-10 16:56
Имрўз бо ташаббуси Шўрои бонувони Муассисаи давлатии «Китобхонаи милии Тоҷикистон» мизи мудаввар таҳти унвони «Пешгирӣ ва табобати COVID-19» баргузор гардид. Нишастро Салима Раҷабзода-муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ бо суханони ифтитоҳӣ боз кард. Вай дар бораи мушкилоти беморӣ ва риояи ҷиддии қоидаҳои беҳдоштӣ ҳарф зад ва аз ҷумла гуфт, ки дар Китобхонаи миллӣ ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла доштани ниқоб, риояи фосилаи иҷтимоӣ зери назорат аст.
Мудири Муассисаи давлатии маркази шаҳрии солимии репродуктивӣ Уғулой Аминова суханронӣ намуда, асосан доир ба пешигирии он тавсияҳои хешро ба бонувони муассиса пешниҳод намуд. Ба гуфти ў нафарони масунияти сустдошта, кудакон, шахсони аз 60 сола боло, гирифторони бемориҳои дил, нафароне, ки ҷарроҳиҳо ва кимиёдармонӣ гирифтаанд, ҳамчунин беморони ҷоғар бештар асири бемории мазкур мегардад. Барои пешгирӣ аз паёмадҳои бади ин вирус мо бояд ғизои солим, махсусан витамин истеъмол намуда, сари вақ ва ба таври кофӣ бихобем, ба варзиш машғул шавем.
- Баъзеҳо як финҷон қаҳва менушанду бо ҳамин давоми рўз чизе нахўрда, ба хона рафта бо меъдаи гурусна хўроки бисёр мехўранд, ки ин ҳам ба зарари организм аст, - афзуд дар идомаи суҳбаташ Аминова.
Чуноне Уғулой Аминова мегўяд, аломатҳои беморӣ дар шахси сироятшуда маълум нест. Яъне ҳарорати баланд ва сулфа дар ў дида намешавад, аммо метавонад бемориро ба атрофиёнаш интиқол намояд.
Ҳозирин ба суолҳои хеш дар мавриди гирифтории такрорӣ ба COVID-19, паёмадиҳои бади ин беморӣ ба зани ҳомила ва тифли батнаш, ҳамчунин кадом доруҳоро ҳангоми гирифторӣ ба ин беморӣ бояд истеъмол намуд, ҷавобҳои пурра гирифтанд.
Раҳима Аъзам,
мутахассиси бахши таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо.