Меҳргон ва сабати пурмеваи он дар маҳфили “Дастони моҳир”
Нашр шуд 2020-10-06 13:52
Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни «Меҳргон» маҳфили вижа доир шуд. Чун анъана ба хонандагони хурдсол дар бораи ҳадафи мавзӯъ маълумот доданд. Дар бораи Меҳргон, маънии истилоҳ ва чигунагии ин ҷашнвора як суҳбати муфассал ва хотирмон доир шуд.
Ба хонандагон аз ҷумла гуфта шуд, ки: Меҳргон яке аз қадимтарин идҳои фасли сол аст, ки таърихи ҳафтҳазорсола дошта, баъд аз ҷашни Наврўз дуюми иди муборак ва пуршукўҳи ниёгонамон ба ҳисоб мерафт. Баробари инкишофи деҳқонӣ ва ҷорӣ гаштани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Решаи асосии вожаи «меҳргон» аз «меҳр» буда, аввалан, маънои Худои нуру офтоб– муҳаббат, ишқ, дўстиро дорад. «Меҳр» номи моҳи ҳафтуми тақвими шамсӣ (хуршед)-и ниёгонамон мебошад.
Иди «Меҳргон» ба фаслҳои тирамоҳи заррин, тирамоҳи бо файзу баракат, ба моҳҳои сентябру октябр рост меояд. «Меҳргон» иди меҳру муҳаббат, меҳнату дўстӣ, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парвардаи марди деҳқон, рамзи серию хурсандии мардум аст.
Сипас, муаллима бо хонандагон оид ба мавзўъ саволу ҷавоб намуд. Хонандагон шеърҳои дар васфи «Меҳргон», «Тирамоҳ», «Дар меҳргон меҳрубон бошед»–
ро қироат намуданд ва оид ба меваю сабзавот чистонҳо гуфтанд.
Расмҳои тасвир намудаи хонандагон хеле ҷолиби диққат буд.
Фирӯза Раҳимова