Елена Печерская дунёи дигар аз олами рангини Норинисо
Одамизод пас аз марги шахси наздикаш бо ҳар роҳу восита ашёву инсону маконеро, ки ба пораи дили талафдодааш вобастагӣ дорад, девонавор меҷӯяд. Пайвандон, дӯстон, либосҳо, китобҳо ва ҳатто онҳоеро, ки аз дидаҳо дур, вале ба дилаш наздик буданд. Бо умеди он, ки шояд роиҳаи азизаш аз ӯ ояду андаке бошад ҳам, хумораш шиканад. Айнан ҳамин ҳиссиёт бо дили лабрез аз таваққуъ, ки мабодо ҳамон бӯи кайҳо гумкардаамон дарёфт мегардад, моро водор намуд то аз пойтахти Федератсияи Русия роҳ пеш гирем. Сӯи бузургзане, ки тӯли солҳои дароз содиқ бар рафоқату дӯстӣ бо Норинисои ширинкаломаш монд…
Ёдам меояд, ки ҳамасола пас аз супоридани имтиҳонҳои мактабӣ, назди модаркалонам ба шаҳри Душанбе мешитофтам. Таътили тобистонаи ман қариб ҳар сол ба таътили тирамоҳӣ низ мубаддал мегашт, зеро барои ҳам хеле наздик будему ҷудо гаштани мо азиятнок. Наздикиамон то ҳамон дарача буд, ки мардум маро духтари Норинисо гумон мекарданд. Модарбузургам низ дар ҷавоби чунин суолҳо бо завк тасдиқ менамуд, ки оре, Нилуфар духтари хурдии ман аст. Дар китобхонааш метавонистам соатҳои тӯлонӣ аз хондани асарҳои нависандагони классикиву муосири ҷаҳониву ватанӣ, Александр Дюма, Чингиз Айтматов, Фазлиддин Муҳаммадиев, Рашот Нурӣ Гунтекин, Юрий Олеша, Марк Твен, Юсуф Акобиров, Ганс Кристиан Андерсен ва даҳҳо дигарон лаззат бибарам. Соли оянда онҳоро боз такроран мехондам, чун як сол бузургтар мешудам ва мазмуни дар онҳо ниҳоншуда бароям равшантару рангинтар аён мегашт. Борҳо дастхатҳову сатрҳои нотамоми модаркалонам ба чашмам меафтоданду бо тааҷҷуб суол мекардам, ки чаро дар ин ҳоланд? Магар душвор аст онҳоро ба итмом расонидан? Сарамро силакунон бо меҳрубонӣ посухам медод, ки вақте ҳиссиёт лабрез аст, онро ба чаҳорчӯбаи шеър дароварда, дар якчанд мисраъ иброз намуданаш хеле душвор аст. Шеър бояд аз дил барояду ба дил нишинад, то мардум тавонанд тариқи он ба дардҳову захмҳои қалби хеш даво биёбанд.
Дарди ман дарди туву дарди Ватан,
Дарди модар, дарди миллат, дарди зан.
Дарди кулли мардуми равшанзамир,
Бардамида аз дилам чун чуи шир.
Дар хамин фурсатхо чашмонаш пури об мешуданд. Вах, чи кадар халки азизу Точикистони сарсабзашро дуст медошт! Барои эшон омода буд ҷони худро курбон кунад... Оре, бемуҳобот ва бе ягон фикру мулоҳиза фидо ҳам мекард. Муаллифи ғазале чунин наметавонист ҷонфидо набошад:
Даруни хонаи худ хонавайронам, чӣ мепурсед?
Ба ҳоли тифлакони хеш гирёнам, чӣ мепурсед?
Ба тан пӯшида будам курта аз гулҳои рангоранг,
Сияҳпӯшам кунун сар то ба домонам, чӣ мепурсед?
Ба шодӣ дар фазои зиндагӣ парвоз мекардам,
Чу мурғи паршикаста дар биёбонам, чӣ мепурсед?
Чу тобути ҷигарбандони худро дида бигристам,
Ба хун олуда шуд чоки гиребонам, чӣ мепурсед?
Ба ҳоли мурдаҳову зиндаҳо пайваста месӯзам,
Заминам, модарам, кокулпарешонам, чӣ мепурсед?
Ба тақсими замини пойтахти худ чӣ мекӯшед?
Зи рафтори шумоён синабирёнам, чӣ мепурсед?
Намезебад, азизонам, барои мо маҳалбозӣ,
Зи Хатлонам, Хуҷандам ё Бадахшонам, чӣ мепурсед?
…Ҳамаи он китобҳои хондаамро агар дар як китоб муттаҳид кунем ҳам, ҷои китоби зиндаеро бо исми НОРИНИСО бароям намегиранд. Оре, китоби зиндаеро мемонд, фариштаи ман. Зеро ба ҳама суолу дардҳои нуҳуфтаам метавонистам аз ӯ посухи саҳеҳу дармони беминнат пайдо бикунам. Муносибатамон самимиву гарму ошкоро буд ва аз ҳамдигар сирри ниҳону рози пинҳон надоштем. Рӯзе чашмам ба якчанд тарҷумаҳои русии шеърҳои модаркалонам афтод, ки қисме аз ҷониби Олга Чугай ва чанде маҳсули заҳмати Елена Георгиевна Печерская буданд. Аз мутолиаи сатрҳои дуввумӣ ба хондаҳоям боварам намеомад. То кадом андоза мутарҷим тавонистааст дарди дар шеър ниҳоншудаи муаллифро пай бурда, бо нозукиву зебогии хоси шарқиёна рӯи коғаз оварад. Гумон кардам, ки гӯиё худи модаркалонам он шеърҳояшро бо забони русӣ навиштааст, зеро ҳама аламу ҳасрату оташи азалии замираш айнан ва баръало ҳис карда мешаванд. Ва он замон шуълаю умеде дар дилам фурӯзон шуд, ки кош бо ин зани латифандому накусиришт аз наздик шинос гашта, лаҳзае бошад ҳам, ҳамсуҳбаташ мешудам.
Нихоят, бо гузашти солҳои тӯлонӣ ин мулоқот барои ману модарам муяссар шуд, аммо дареғо, ки пас аз талафоти модаркалони нотакрору хирадманди ман. Бо Елена Георгиевна моро дарди ҷудоӣ аз шахси азизу наздик бо ҳам пайваста, муттаҳид кард. Барои ҳам дардошнову ғамбарор гаштем. Ӯ бо афсӯси ҷонсӯз иброз дошт, ки таи чанд соли охир ҳаракати ёфтани модаркалонамро дошт, чун пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ робитаи онҳо барканда буд. Акнун вай низ ёфт, мо ҳам ёфтем, аммо танҳо он дам, ки олиҳаи шеъру сухани ноб кайҳо аз байни мо ба абадият рафтааст:
Як руз ёд карда, оӣ суроғам, ай дӯст,
Гуянд бо таассуф, Норинисо гузашта.
Ҳеч гумон надоштам, ки мутахассиси дараҷаи ӯ метавонад то ба ин андоза дилкушоду меҳмоннавоз бошад, зеро одатан чашмони ин гуна одамон аз алангаи шуҳрату маъруфият ба зудиву ба тезӣ хира мешаванд. Аз суҳбатхои телефонӣ маълумам гашта буд, ки дарёдилу инсондӯст аст, бинобар он, баробари вориди кошонааш гардидан худро гӯиё дар хонаи худамон ҳис намудем. Лаҳни шевову латифи Елена Георгиевна моро ба дунёи пурасрори таърихи оғози рафоқати ӯву модарбузурги ман равона сохт. Ин суханони Елена Георгиевна ҳамоно дар гӯшҳоям садом медиҳанд: Чун қалби камина аз азал фирефтаи олами пурфасонаи Шарк буд, дугонаам Олга Чугай (равонаш шод бод!) маро бо Норинисо шинос намуд. Зуд бо ҳам унс гирифтем. Аз боиси он, ки забони тоҷикиро намедонистам, ӯ шеърҳои худро бароям бе ягон малолу хастагӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ мекард ва ман аз рӯи онҳо тарҷумаҳои худро меофаридам. Моро натанҳо риштаи кору эчодиёт, балки риштаи меҳру самимияту садоқат хам пайваст, ки ҳатто марги бераҳм низ натавонист онро барканад. Шеърҳояшро бо чашми тару қалами ҳамовои дардҳои ниҳонаш тарҷума мекардам, зеро аз торҳои нозуки қалби захмхӯрдаю пурҳасрати Норинисо хуб дарак доштам. Ҳарчанд ӯ шодиҳояшро бо тамоми оламиён тақсим мекарду ғуссаҳояшро дар кунҷи аз чашми мардум ниҳони сандуқи замираш пинҳон карда буд, то ки мабодо андуҳи ӯ боиси малолу озурдагии касе нагардад, тавонистам қуфли он ниҳонхонаашро барканам. Вагарна, тарҷумаҳо ба ин қадр ҳузнангезу ғамомез тавлид намегаштанд. Ҳатто чунин ҳам мешуд, ки якдигарро бе ягон ҳарф, танҳо аз нигоҳ мефаҳмидем, зеро ҳарду савораи ғамолуди як мавҷи пуртуғёни зиндагӣ будем.
Муносибати дӯстонаи мо саршори вафову ихлосу самимият ва ошноияш дур аз фиреб, ғараз, тамаъ ва хирс буда, дар посдории нону намак ҳамтову назир надошт. Ташрифи нахустини ӯ ба хонаи ман ҳеч гоҳ аз лавҳи хотирам зудуда намегардад. Аз роҳи дуру дарози Душанбе-Маскав бароям туҳфаи пурарзишу гаронбаҳоро, ки иборат аз чойнику пиёлаҳои кабуди бо зар орододашуда буд, ҳадя овард. Бо таманниёти он, ки робитаи содиқонаи мо ҳеч гоҳ барканда нагардаду бо ҳам пайваста сари пиёлаи чойи гарм бо қалбҳои пурмеҳру нарм гирд оем. Ин армуғони ӯро ҳамчун хотира аз ин бонуи суханвар бо муҳаббати хоса дар хонаам нигоҳ медорам. Ҳатто духтарам, ки он солҳо хурдакак буд, ҳамон рӯз мафтуни табассуми малеҳу чеҳраи дилоро ва қомати раънои Норинисо гаштанашро зуд-зуд ба ёд меоварад. Бобати ин хотироташ боре ба ҷигарбандам гуфтам, ки ҷони модар, он вақтхо хурд будӣ ва танҳо лабхандашро дида тавонистӣ, аммо ман фиғону нолаи хомӯши дилашро, ки зери лабхандаш хуфя шуда буданд, ба хубӣ дарк кардам…
Суҳбатамон торафт метафсид ва ҳамсуҳбати оқилаи мо, ки аз илми нуҷум ҳам бохабар будааст, иброз дошт, ки ин пайвастагии руҳии мо ба ҳамбастагии бурҷиямон низ алокаманд буда, ману ӯ бо ҳам зери бурҷи ҷадӣ тавлид гаштаем. Аҷиб. Тасодуф ё на, Худо медонад... Ҳиссиёте моро фарогир шуд, ки гӯё модарбузургам низ дар ин гуфтугузор иштирок дораду аз мулоқоти шахсони содиқу шафиқаш табассум бар лабонаш ҳувайдост.
Елене Георгиевна ногаҳон ба ман рӯ овард ва пурсид, ки оё ин на ман ҳастам муаллифи он шеърҳое, ки гоҳу ногоҳ дар фазои маҷозӣ нашр мекунад. Бо шарму ҳаяҷони гулӯгир иқрор шудаму изтироби бузург маро пахш намуд, ки ӯ барин қаламкаши мумтоз ба мани навқаламу навқадам чӣ гуна баҳо медода бошад? Аммо ғайричашмдоштам афзуд, ки навиштаҳоям оҳанги ҳазин доранд, вале саршор аз дарду ҳасратхои талху пуралам ҳастанд. Ин ҷо чизе аз ин беш аз суханони Елена Григоревна намеорам, чун онҳо мутааллиқ ба худи ман буданду мехоҳам бо худ нигоҳ дорам. Аммо таъкидашро меорам: «Навис духтарам, ба баланду пасти касе гӯш накун, дар роҳи пурмашаққати эҷодӣ хеле касоне пешорӯят меоянд, ки бо заҳри забону дили пуркинаи хеш қасди нобуд кардани истеъдоди туро мекунанд. Вале ту даст аз қалам набардор...”
Оре, мани навсафари ин роҳ ҳоло ба ҳеч бархӯрде аз ҷониби касе дучор нашудаам. Ҳарчи гуфтам, оғози гуфтаниҳои мананд. Умедворам оянда зиёдтар бигӯям...
Мутаассифона, бояд ба гуфтугӯи пурмеҳру сеҳрамон нуктаи муваққатӣ мегузоштем, зеро хотимаи он вучуд ҳам надораду соати ба хона баргаштан низ наздик омада буд. Вақти хайрбод Елена Георгиевна ба ману модарам ду китоби тозанашри хешро бо соядасташ такдим намуд, ки андаруни муқоваи онҳо бо муҳаббати сидқӣ овардааст: «Ба Дилбару Нилуфар бо лутфу дӯстдории самимӣ. 13.02.2020 сол»…
Нилуфар Воҳидова, шахри Тула.