Наврӯз расад ҷумла ҷаҳон зинда шавад...
Нашр шуд 2020-03-20 14:16
Наврўз биё ба хоки поки Ватанам,
Гулрез намо замину боғу чаманам.
Андар бари ошиқони фархундаи ишқ,
Ман ошиқи навбаҳору сарву суманам.
Наврўз (порсӣ: نوروز )-Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рўзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврўзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Таърихи ташаккули Наврўз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз замистон фаро мерасад, вобаста аст.
Наврӯз дар ин саҳни чаман омадааст,
Бо бӯи гулу мушку суман омадааст.
Наврӯз расад ҷумла ҷаҳон зинда шавад,
Базму тарабу савти Ватан омадааст.
Ай духтари тоҷик чаканпӯшӣ бикун,
Вақти чакану рӯзи чакан омадааст.
Аз қадимулаён наврўзро дар баъзе минтақаҳо ҳамчун ҷашни миллӣ пешвоз мегирифтанд. Наврўз аз давраи Чамшеду Каюмарс то ин давра чандин марҳилаҳои таърихиро тай намудааст. Дар ҳеч ягон давраи таърихӣ ниёкони бузургвори он аз таҷлили он худдорӣ наварзидаанд, балки аз сол ба солу, аз аср ба асри дигар он аз ҷиҳати муҳтаво ва доманаи вусъат бузургтару пурмаънотар ва пуршукуҳтар шудааст. Бахусус, дар замони Истиқлолият ҷашни Наврӯз бештар бошукуҳтар шуд ва дар ин самт хизматҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза бузург аст.
Биё Наврўз бо ҳусни баҳорам,
Зи омадомади ту беқарорам.
Биё нахли умедам ғарқи гул кун.
Ки пур гардад домони ёрам.
Наврўз пайвандгари насли имрўз бо расму ойин, арзишҳо анъаноти ниёгон мебошад. Аҷргузорӣ ба ин ҷашни миллӣ, эҳтиром гузоштан ба расму русуми гузаштаи худ мебошад. Бо баробар шудани шабу рўз ва оғози фасли зеботарини сол баҳор табиат аз сари нав зинда мешавад. Чаҳ-чаи булбулони хушовоз, садои дилангези обшорон руҳи инсонро болида месозад. Наврӯз ин баҳор аст, баҳори сабзу тар. Дар ин фасл табиат ҷомаи сабз ба бар мекунад ва ин сабзаву ин шукуфоӣ олами атрофро дигаргун месозад.
Бар диёрам ин замон, фасли баҳор ояд ҳаме,
Ҳам ғазал шеръу тарона, сад ҳазор ояд ҳаме.
Нағмаи кабки дарӣ, ҳам булбулони хушсадо,
Бо навои дилнавози чангу тор ояд ҳаме.
Сайрон Сафарова,
мутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ