Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ГУЛДӮЗӢ

Ҳунари гўлдўзи аз нимаи дуюми асри 19 инҷониб бо ёрии мошинаҳои махсуси дарздўзи инкишоф ёфта, он дар ҳар миллату халқият сабку усули махсусеро дорост. Гулдўзии тоҷикӣ дар назди ороишгар ва бинанда як ҷаҳон образҳои нотакрори шоиронро аён месозад.

Ҳунарҳои мардумии тоҷик хеле зиёданд.Чи ҳунарҳои зебо дорем, ки ҳар кадомеро достонест.  Адрасбофӣ, бофандагӣ, зардўзӣ, гулдўзӣ, гилембофӣ, гаҳворасозӣ, танўрсозӣ, кашфдўзӣ, дуредгарӣ, заргарӣ, наботпазӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ, қуроқдўзӣ, табақтарошӣ, ҷомадўзӣ, ҷўроббофӣ, чармгарӣ, шамшерсозӣ..Ва метавон ин рӯйхатро то ба беохир идома дод. Ҳунарҳои мардуми мо  бешуморанд.

Гудўзи навъе аз санъати мардумӣ маҳсуб ёфта, чун ҳунари воло саршор аз ифодаиҳои зебопарастист. Ин намуди санъати ороиши халқӣ  бо сўзан ва чангакҳои махсус дар рўи матоъҳо, бо риштаҳои ҳархела дастӣ ва имрўзҳо бо мошинаҳои дарздўзи низ офарида мешавад.

Ҳунари гўлдўзи аз нимаи дуюми асри 19 инҷониб бо ёрии мошинаҳои махсуси дарздўзи инкишоф ёфта, он дар ҳар миллату халқият сабку усули махсусеро дорост. Гулдўзии тоҷикӣ дар назди ороишгар ва бинанда як ҷаҳон образҳои нотакрори шоиронро аён месозад.

Гулдўзи навъи бисёр қадимии тамаддуни тоҷикӣ ва давоми рангубору бофандагӣ мебошад. Ороиши кулоҳу саллаю ҷомаю шерозаи гиребони либоси ҳокимону ҳакимон, дарвешону фақирон ҳосили дастони соҳибэъҷози духтарону занони тоҷик аст. Чеварони моҳир, гулдухтарони тоҷик ин сўзаниҳоро дар тақлиди баҳору зебоиҳои табиат бо неруӣ ақлу фаросат, хаёлоти ширини ошиқона гулдўзи кардаанд. Занони гулдўз зебоии табиатро хеле хуб эҳсос мекунанд ва дар ҳунари хеш олами рангини атрофро инъикос намуда, ҳисиёт ва тассуроташонро рўи матоъ меоранд. Ҳунармандон на танҳо ҳар як ҷузви нақш балки рамзи рангҳо ва омехтаҳои гуногунро ба назар мегирифтанд.

Оре, хаёли баландпарвози чевари тоҷик дар куртаи чакан аз ҳилоли амон, ки абрўи ўро ба ёд меорад, нусха бардоштааст. Ҳар як гуле, ки бо сўзан офарида мешавад, шинохти дунёест, ки асарҳо дар мо нақш бастааст. Нақшу нигори он нақшу нигори дилу эҳсосоти поки духтарон аст. Дар он миқиёси зебоиҳои байни каҷакҳо ифода мешавад. Каҷакҳо панчагулҳои зебоеро менамоянд, ки гўё хиёбонҳои пургулро иҳота карда башанд. Эҳсосот ва самимияти чеваро ба хотир оред, ки ба беканориҳо пайвастааст. Бо куртаҳои чакан бояд ба чашме нигарист, ки зебоиро беҳаду ҳудуд мебинад. Чеварони гулдаст бо гулдўзиҳои зебояшон онро умри тоза мебахшад.  

Дар иди Наврўз аксари бонувони мо чакан мепӯшанд, ки ба қаду басти зебо, рўи гулгун , чашмони сиёҳ ва абрўвони сиёҳи қалами духтарони тоҷик бисёр шинам меафтад. Чакан дар навтарин ва зеботарин матъоҳо либосҳои муди имрўза дар байни занҳо машҳур аст. Аз ин рў азиз асту ҳеҷ гоҳ аз мўд намеравад, балки дар замимаи завқу хумори чеварон зебу зинати нав мегирад. Пеш куртаҳои чакан бисёр васеъ дўхта мешуданд. Ҳоло бо мурури замон бо муди нави замонавӣ гирифта шуда, ба қаду басти духтарону занон мувофиқат дўхта мешавад.

Мо бояд ин ҳунаро ба ҷавонон омўзем.

Таҳияи Сайрон Сафарова,
мутахассиси шӯъбаи
илмӣ - таҳқиқотӣ