Саҳифаҳои дурахшони 70 соли пуршараф
Нашр шуд 2020-02-26 10:57
Ин китоб ба таъсиси факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки соли гузашта 70-солагии худро ҷашн гирифт. Ректори пешини он академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар с арсухани китоб навиштааст: Мояи ифтихору шарафмандист, ки дар рўзҳои таҷлили ҷашни 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки дурнамои рушди Тоҷикистони азизро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд муайян намудааст, 70-умин солгарди таъсисёбии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро бо шукргузорӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ваҳдату созандагии ҷашн мегирем.
Ҳанўз 70-сол муқаддам бо дарки зарурати омода кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шуд. Бо такя ба таҳлилу баррасии таърихи 70-солаи факултет метавон бо ифтихор ин марҳилаи таърихро ҳамчун 70-соли фаъолияти пурбаракату босамар ва 70- соли созандагию бунёдкорӣ баҳогузорӣ намуд.
Факултети ҳуқуқшиносӣ дар миқёси ҷумҳурӣ аз нахустин ва муҳимтарин марказҳои тарбияи мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ба шумор рафта, саҳми он дар самти омода кардани мутахассисони лаёқатманд, анҷом додани корҳои арзишманди илмӣ-тадқиқотӣ,густариши ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа ва таҳкими пояҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии давлатдории миллӣ беназир аст.
Дар давоми 70-соли фаъолият факултети ҳуқуқшиносӣ аз як маркази кучак ба як макони муқаддаси илму таълим,кохи муҳташам ва бузурги илму маърифат табдил ёфт. Агар замони таъсис шумораи умумии кормандони факултет ба 3 нафар ва теъдоди донишҷўён ба 35 нафар расад ва ҳамагӣ як кафедраи махсуси ҳуқуқ амал мекарда бошад, пас имрўз шумораи кормандон ба 160 нафар, теъдоди донишҷўён ба беш аз 3500 нафар мерасад ва дар пояи факултет 11 кафедра фаъолият менамояд. Имрўз факултети ҳуқуқшиносӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,вазорату комитаҳои давлатӣ,донишгоҳҳо.марказҳои илмию таҳқиқотии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ҳамкориҳои устувори илмиро ба роҳ мондааст. Олимону муҳаққиқони ин факултет дар бонуфузтарин чорабиниҳои илмии байналмилалӣ иштирок намуда,шарафи давлату миллатро ҳимоя мекунанд.
Китобро шумо метавонед аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дархост ва мутолиа намоед.
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.