Пандномаҳои Ҳусайни Ҳоҷимурод бо номи “Ҳазору як таманно”
Нашр шуд 2020-02-19 16:13
“Ҳазору як таманно” дарбаргирандаи пандномаи шоир Хурсанди Ҳоҷимурод аст, ки паҳлуҳои гуногуни зиндагии як инсонро дар бар мегирад ва хонандаро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Хурсанди Ҳоҷимурод 14 январи соли 1958 дар деҳаи Чўянгарони ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат) дар оилаи хизматчӣ чашм ба оламии ҳастӣ кушодааст.
Баъди хатми мактаби миёна соли 1975 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1980 ба ихтисоси муҳандиси сохтмони гражданӣ ва саноат хатм намудааст. Пас аз хатми донишкада бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ рафта, дар шаҳри Приозерски Ҷумҳурии Қазоқистон ҷонишини фармондеҳи қисми ҳарбӣ шуда, хизмат кардааст. Аз соли 1982 то 1990 дар комбинати хонасозии шаҳри Орҷоникидзеобод дар вазифаҳои муҳандис-конструктор, сардори сех, ҷонишини сармуҳандис фаъолият намудааст. Солҳои 1988-1990 Донишгоҳи марксизм-ленинизми назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1990 сардори ҷамъияти сохтмони «Ховар» мебошад. Ду даъват (2005-2010,2010-2015) вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат интихоб шудааст. Айни замон директори корхонаи коркарди масулоти кизоварзӣ-ҶДММ «Зилол» аст. Соҳиби шаш фарзанд аст.
Аввалин маҷмуаи ашъори ў бо номи «Нури дил» соли 2013 ба дасти хонандагон расидааст. Баъдан се китобаш бо номи «Номаи бостон» солҳои 2014, 2015 ва 2018 ба нашр расидааст. Аз соли 2015 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Китоби «Ҳазору як таманно» (панднома), маҷмўаи тозаэҷоди ўст.
ҲАЗОРУ ЯК ТАМАННО
Ҷавоно, насиҳат шунав аз падар.
Қи ёбӣ чу нахле аз он ту самар.
Ба таълими модар ту хотир гумор.
К-аз он фазл ёби ҳаме бешумор.
Яке тоҷ гардад ба сар-бар туро,
Дигар тавқи раҳмат ба ҳарду саро.
Ватанро чу ҷонат гиромӣ бидор,
Бар он хасм тозад, зи пояш дарор.
Ту марзи Ватанро бикун эҳтиёт,
К-аз он фахр бошад в-аз онат ҳаёт.
Ту аз беватанҳо ба худ панд гир,
Гадою ҳақиранду хору асир.
Ватан модар асту Ватан хоҳар аст,
Намон, душманноаш расонанд даст.
Мабодо,ки таҳқир бинад Ватан,
Ва ё дар азое нашинад Ватан.
Ватанро ту обод гардон ҳаме,
Наёбад дар он раҳ ғаме, мотаме...
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.