Ғоиб Сафарзода – шоири ватанпарвар ва истиқлолхоҳ
Агар Ғоиб Сафарзода зинда мебуд, имсол 80-умин солгарди умрашро ҷашм мегирифт. Дардеву дареғо, ки дар як садама дар синни 32-слагӣ бо ҳаёт падруд гуфт. Рафт, дар лаб шеъри ногуфта ва шояд садҳо мақолаҳои хуби хонданӣ нонавишта. Чун он замон рӯзноманигорӣ мекард ва даҳҳо мақолаҳои хубаш дар саҳифаҳои “Тоҷикистони саветӣ” чоп шуда буданд. Вале ӯро чун шоир мешинохтанд. Шеъраш имрӯз ҳам хонданист, чун шоире буд ҷӯянда, навгӯ.
Ғоиб Сафарзода дар қарияи Муллоҷони ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб аз хонадони кишоварз ба дунё омадааст. Соли 1957 баъд аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳ, озими Сталинобод (Душанбеи имрӯза) гардида, донишҷӯйи факултаи таъриху филологияи Институти омӯзгории ба номи Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) мешавад. Соли 1962 бо хатми донишкада то соли 1972 ба сифати корманди бахши адабиёти рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло “Ҷумҳурият”) ба фаъолият мепардозад. Солҳои донишҷӯӣ дар эҷоди шеър шуғл меварзад, ки ба поёни солҳои панҷоҳум иртибот мегирад.
Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ «Корвони орзу» ном дошта, соли 1969 чоп шудааст. Бархе аз намунаҳои хуби шеъри Ғоиб Сафарзода дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Хорпуштак» ва баргузидаҳои «Туҳфа» (1963), «Суруди октябр» (1967), «Наврӯзӣ» (1998) ва ғайра рӯйи чопро дидаанд. Тамоми осори назму наср ва тарҷумаҳои Ғоиб Сафарзода баъд аз вафоташ бо ибтикори шахси фарҳангӣ ва ҳамдеҳаи ӯ – Шоҳҳайдар Ёдгорӣ таҳти унвони «Мероси ҷавонӣ»(1978) нашр шуд.
Шодравон чанд тарҷумае аз намунаҳои шоирони арманиву литвонӣ анҷом додааст. Ғоиб Сафарзода публисисти хуб ҳам буд.
Ӯ ба ҳайси мураббии шоирону рӯзноманигорони ҷавон ва ҳамчун шахси хоксору некандеш низ сазовори иззату икром буд. Муҳимтарин рухдодҳои иҷтимоии кишвар дар осори Сафарзода бо обуранги баланд инъикос ёфтаанд. Шеъри ӯ имрӯз ҳам дар адабиёти муосир заррае аз таъсиру эътибори хеш накостааст ва дар ҳифзи асолати арзишҳои маънавии мо чун синону сипар хидмат мекунад.
Шоири боҷасорат Ғоиб Сафарзода дар овоне, ки сиву ду сол дошт, бо маҷмӯаҳои «Корвони орзу» ва «Ошёни офтоб» дили ҳаводорони шеъри тоҷикро тасхир намудааст. Ҳамоне, ки аз даргузашти шоири халқи Саидалӣ Вализода зери борони ғам гуфта буд:
Курсие холӣ ба ҳар маҳфилу базм аст ҳанӯз
Ба умеде, ки Вализода зи дар меояд.
Аммо ҷойи худаш то имрӯз дар минбарҳову маҳфилҳои шеъри ноб холис.
Мақолаҳои Сафарзода, ки бо номҳои «Хушоҳангӣ ва суфтагии забон – ҷозибаи он», «Номи зебо –ними ҳусн» ва «Пул додану дарди сар харидан» дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба табъ расида, барои худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ, нигаҳдошти асолати миллӣ таъсири нек гузоштаанд. Меҳрӣ ӯ ба ин марзу буми аҷдодӣ беандоза буду олудасозони забони модариямонро нафрин мехонд. Ин муҳаббат боис шуду ба мавзӯи доғи рӯз - риояи забони тоҷикӣ рӯйи матну овезаҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе қалам зад. Мақолаи «Таровати зиндагӣ дар зебоист» монанди тундари ногаҳонӣ дар саросари ҷумҳурӣ ғул-ғул афканда ба сари муаллиф ҷабри зиёд овард.
Ашъори ӯ бозгӯйи ботини ӯ буд. Шоири якрӯву якзабон ба паймонаш «Агар хоҳӣ маро ёбӣ, зи роҳи рост ҷӯён шав» як умр содиқ монд. Ҳатто устод Лоиқ ин тезравии Ғоибро пай бурда буд, ки пас аз фавти дӯсти ҳамсолу ҳамнишинаш ғам хӯрда, бо ҳасрати беинтиҳо нигошта буд.
Гуфта будам, ки тунд марав,
Тунд рафтӣ, бубин куҷо рафтӣ,
Дар сӯги Ғоиб Сафарзода қаламкашони соҳибҳунар хун гиристанд. Шоире, ки шарафманди миллату меҳан буд, хеле зуд ҳамнафасонро хайрбод гуфт. Эҷодикори он солҳо ҷавон Раҳмат Назрӣ, ҳоло шоири халқии Тоҷикистон дар як маросими худ аз номи Ғоиби дар истеъдод нодир ба шоми реҳлаташ пурдард мегӯяд.
Ағбаи Шар-шар бубахшоядм, ки ман.
Дар лаби домони ту ҷон додаям,
Аз куҷо донам ба ёди ман ту дилхун мешавӣ,
Аз барои ман гиребонгири гардун мешавӣ.
Риштаи ҳаёти ӯ дар соли 1972 дар фалокати автомобилӣ, дар синни 32 ба таври фоҷиавӣ гусаста шуд, аммо бо ашъори фасеҳу ноб ва рӯҳи латифу бешикасти худододааш дар дилу дидаи мардум ҷовидон монд.
Сулҳия Иброҳимова,
мутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ
Дар Китобхонаи миллӣ аз Ғоиб Сафарзода ва дар бораи ӯ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Корвони орзу: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1969. – 89 с.
Мероси ҷавонӣ: Осори мунтахаб. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 336 с.
Ҷавонӣ: Маҷмўаи шеърҳо. –Душанбе: Маориф, 1986. – 70 с.
Манзараи деҳаам: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1960. – 1 май.
Ба адибони Украин: Шеър // Маориф ва маданият. – 1961. – 7 октябр.
Духтари тоҷик: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1962. – 29 ноябр.
Нақши умр: Шеър // Маориф ва маданият. – 1963. – 15июн.
Заврақи ишқ: Пйеса дар саҳнаи Театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1963. – 3 март.
Фарзанди Бадахшон: Шеър // Маориф ва маданият. – 1964. – 2 декабр.
Рубоиёт: Бахшида ба Наврўз // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 23март.
Дар бораи адиб
Ёдгорӣ, Ш. Шоир ва рўзноманигор: Ба ёди шоири шинохтаю журналисти тавоно, шодравон Ғоиб Сафарзода // Садои мардум. – 1992. – 7 феврал.
Саидалиев, Ҷ. «Мо раҳгузарем, дар сафар мегузарем»: Ба ифтихори 60-солагии шоири ҷавонмарг Ғоиб Сафарзода // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2000. – 11 август.
Рафеъзод, Р. Шоири бедордил: Ба истиқболи 70-солагии шоир ва рўзноманигори ҷавонмарг Ғоиб Сафарзода // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2010. – 18 феврал.
Ҳасанзод, С. Ошёни шеъри андеша: Дар бораи шоир Ғоиб Сафарзода // Ҷумҳурият. – 2016. – 1 июн.
Ҳасанзод, С. Хобу бедорӣ: Ҳаёт ва фаъолияти шоир Ғоиб Сафарзода // Ҷумҳурият. – 2016. – 20 июн.
Шокиров, С. Ёде аз Ғоиб Сафарзода // Гулхани Восеъ. – 2016. – 28 май.
Мирзо, Д., Абдусатторов, Б. Тоҷикободам: Таърихи як шеъри «Тоҷикободам»- и шодравон Ғоиб Сафарзода // Адабиёт ва санъат. – 2020. – 23 январ.
Таҳияи Марзия Зардодхонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.