Аз мавлуди олими забардаст ва донишманди фозил Зоҳир Аҳрорӣ 90 сол мегузарад ва аз маргаш 11 сол. Ба қалами Аҳрорӣ беш аз 100 монографияву рисола, мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Вай ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф Абдураҳмони Мушфиқиро омўхта, дар борааш рисолаи номзадӣ навишт ва осори ўро ба шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон намуд. Аҳрорӣ яке аз таҳиягарони матни интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (дар 9 ҷилд) мебошад, ки аз соли 1964 сар карда то соли 2009 се бор ба табъ расидааст.
Зоҳир Аҳроров 15 феврали соли 1930 дар деҳаи Шикеви ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Адабиётшинос шарқшиноси тоҷик, Корманди шоистаи Тоҷикистон соли (1998). Хатмкунандаи УДТ соли (1953). Ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики УДТ соли (1953-55), Ходими калони илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии Вазорати маорифи Тоҷикистон соли (1955-56), ходими илмии ИЗА АИ ҶТ соли (1956-58). Аз соли 1958 то охири умр дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, ки то охири соли 2010 шуъбаи шарқшиносии АИ ҶТ, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ном дашт, аз вазифаи ходими илмӣ сар карда, то мудири шуъба кор кардааст.
Ба қалами Аҳрорӣ беш аз 100 монографияву рисола, мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Вай ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф Абдураҳмони Мушфиқиро омўхта, дар борааш рисолаи номзадӣ навишт ва осори ўро ба шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон намуд. Аҳрорӣ яке аз таҳиягарони матни интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (дар 9 ҷилд) мебошад, ки аз соли 1964 сар карда то соли 2009 се бор ба табъ расидааст.
Ҳамроҳи Рауфзода ва Камол Айнӣ «Фарҳанги мухтасари «Шоҳнома» ва «Андарзномаи»-и Фирдавсиро таҳия ва мунташир намудааст. Ба қатори осори таҳиянамудаи Аҳрорӣ ду ҷилд ғазалиёт, маснавиҳои «Юсуф ва Зулайхо», «Сабҳат-ул-аброр», «Саломон ва Абсол»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Муш ва гурба»-и Шайх Баҳоӣ, «Осори мунтахаби Соиб» (ҳамроҳи Лоиқ Шералӣ) ва ғайра дохил мешаванд.
Силсилаи пажўҳишҳои Аҳрорӣ доир ба адабиёти Эрон дар 3 ҷилд китоби «Адабиёти Эрон дар қарни XVIII» (2006-2007) фароҳам омадаанд.
Бо Ифтихорномаи Фахрии Президуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1957), медалҳои Тоҷикистон ва Афғонистон сарфароз гардонда шудааст.
2 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2013. – Ҷ.2. – С. 175.
Муаллиф Қ. Элчибеков
Аз навиштаҳои Зоҳир Аҳрорӣ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро суроғ кунед:
Мушфиқӣ. – Душанбе: Дониш,1978. – 273 с.
Шоир ва мутафаккири бузурги инсонпарвар. – Душанбе: Дониш,1988. – 27 с.
Корӣ Абдулло. – Душанбе: Дониш,1989. – 172 с.
Рўзгор ва осори Фатҳъалихони Сабо: Давраи дуюми Бозгашти адабӣ асри XIX. – Душанбе, 2005. – 336 с.
Адабиёти Эрон дар қарни XVIII: Давраи авали Бозгашти адабӣ. – Душанбе, 2005. – 352 с.
Се ахтарон. – Душанбе, 2007. – 344 с.
Шарқшиносии точик (1958-2008). – Душанбе, 2009.
Боқии умр. – Душанбе, 2010.
Балзак, О. Падар Горело: Роман / Аз русӣ тарҷумаи З. Аҳрорӣ. – Душанбе, Ирфон, 1983. – 287 с.
Мақоми зан дар назми инқилобии Афғонистон // Маориф ва маданият. – 1980. – 8 март.
Афрохт байрақе…: Шоири афғон дар васфи инқилоби Савр // Газетаи муаллимон. – 1981. – 28 апрел.
Дар бораи олим
Илм болотар аз ибодат аст: Мусоҳибаи рузноманигор М. Салим бо олими шинохтаи тоҷик, адабиётшинос Зоҳир Аҳрорӣ // Адабиёт ва санъат. – 2000. – 23 июн.
Эшмуҳаммадов, С. Олими накўкор: Дар бораи адабиётшинос, шодравон Зоҳир Аҳрорӣ // Ваҳдат. – 2019. – №11. – май.
Таҳияи Баргигул Наботова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.