Тақдими китобҳои илмӣ ва бадеӣ дар Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб
Нашр шуд 2020-02-18 10:51
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб Муассисаи давлатии нашриявии «Адиб» ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 30 нусха китобҳои бадеии тозанашр тақдим намуд.
Акнун хонандагон метавонанд бо китобҳои М. Тоҷиддинӣ: «Мусоҳиба бо Ҳофиз», С. Аюбӣ «Гулчини ашъор», А. Афсаҳзод «Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомӣ – адиб ва мутафаккири номӣ», Т. Зулфиқоров «Ҷойхонаи лаби Ҷар» ва чанд номгӯ китобҳои адибону олимони дигари кишвар, ки ҳамагӣ тозанашр мебошанд, дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
Ҳамчунин дар ин рӯз Агентии Миллии Созмони Рақамгузори Стандартии Байналмилалии Китоб – Хонаи Китоби Тоҷикистон 52 китоб ва 40 нусха автореферат тӯҳфа гардид.
Бояд зикр намуд, ки адабиёти тақдимшуда аз тарафи Агентии Миллии Созмони Рақамгузори Стандартии Байналмилалии Китоб – Хонаи Китоби Тоҷикистон бештарашон адабиёти илмӣ – ёрирасон буда, ба кормандони соҳаи илм баҳри истифода дар корҳои илмиашон тавсия дода мешавад.
Фаридун Азизов,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.