Китоби файласуфи шодравони тоҷик дар Теҳрон чоп шуд

Нозир Арабзода дар Теҳрон чоп шуд

Нозир Арабзода дар корномаи илмӣ ва пажӯҳишии худ осори зиёде дар ҳавзаи муҳимтарин масъалаҳои таърихи фалсафа дорад, ки пажӯҳишҳои бунёдӣ дар мавзӯи таълимоти фалсафии Носири Хусрав, Фахриддини Розӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Сино, Ибни Ямин, Абубакри Розӣ, Насириддини Тӯсӣ, Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон аз ҷумлаи онҳост.

Ҳамчунин аз ин устоди фақид беш аз 30 мақолаи илмӣ дар Донишномаи шӯравии тоҷик ба ёдгор мондааст, ки бештар ба ҳавзаи мафоҳим ва масоили гуногуни фалсафӣ ихтисос доранд.

Китоби “Ҷаҳони андешаи Носири Хусрав” ҳамон гуна ки аз номи он бармеояд, ба ҷаҳони андеша ва фалсафаи Носири Хусрав ихтисос дорад. Шеваи кори муаллиф дар маҷмӯа тавсифӣ, таҳлилӣ ва татбиқӣ аст ва масъалаҳои муҳимми ҳавзаи андешаро дарбар мегирад. Феҳрасти матолиби ин китоб ба ҷуз ёддошти веростор ва сарсухан шомили мавзӯоти зерин аст:

Фасли аввал: Ҷӯяндаи ҳақиқат ва адолат (замони Носири Хусрав; наҳзати исмоилия; шарҳи аҳволу осор; андешаҳои илмии Носири Хусрав);

Фасли дувум: Илоҳиёт (тавҳид; офариниши олам; шаккокӣ; зоҳир ва ботин; таъвили Қуръон; нубувват ва имомат);

Фасли севум: Муаммои ҳастӣ (ҷавҳарияти ҷисм ва моддаву сурат; аърози ҳастӣ: ҳаракат, замон, макон; мақоми инсон дар силсилаи маротиби ҳастӣ; моҳияти нафс: шарҳи масъалаи равонфизикӣ);

Фасли чаҳорум: Маърифати ҳастӣ (зарурати маърифати олам; ҷараёни маърифат: воситаҳои маърифат; бозтоби хирадгароии фалсафӣ дар шеър);

Фасли панҷум: Ахлоқ (фазилати некӣ ва накӯкорӣ; накӯҳиши зулм, тамаъ, ришват ва рибохорӣ; ҷойгоҳи ахлоқии сухан; маънии лаззат: мунозира бо Абубакри Розӣ);

Охирсухан ва китобиёт бахшҳои поёнии ин маҷмӯа ҳастанд.

Ин китоб нахустин бор бо унвони “Носири Хусрав” дар соли 1994 ба муносибати 990-умин зодрӯзи ин шоири мутафаккир дар Душанбе (нашриёти “Маориф”) ба чоп расид ва пас аз он як бори дигар дар соли 2003 бо ислоҳот ва афзудаҳо ва бо унвони кунунӣ, яъне “Ҷаҳони андешаи Носири Хусрав” (нашриёти “Нодир”) мунташир шуд.

Доктор Акбар Турсон, пажӯҳишгар ва раиси собиқи Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Тоҷикистон дар муқаддимае, ки бар ин китоб афзудааст, шарҳи муфиде дар боби шароити пажӯҳишгарон ва бархӯрди ҳукумати шӯравӣ бо пажӯҳишҳое аз ин қабил ва умуман равиши таҳқиқи муҳаққиқони ҳавзаи улуми инсонӣ дар он даврон додааст.

Китоби “Ҷаҳони андешаи Носири Хусрав” таълифи шодравон профессор Нозир Арабзода  аст, ки нашриёти “Арван” онро дар 292 сафҳа ва бо шуморагони 1000 нусха мунташир кардааст.                                                                                       

 
Барчаспҳо: