Чорумин даври озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” низ ба анҷом расид. Ғолибон эълон шуданд. Ба назар мерасад як иқдоми бузурге дар масъалаи китоб анҷом пазируфт ва гумонамон ҳам ин аст, ки ин марҳилаи аввали он буд ва эҳтимол меравад ташаббуси созандаи Пешвои миллат идома хоҳад кард. Миллат бояд ба китоб баргардад, роҳи дигаре мо надорем. Ва бо чӣ андешаи созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон тасмим гирифтанд ин иқдомро амалӣ созанд. Бори аввал шояд дар минтақа озмуне дар ин сатҳ ва бо ин ҳазинаи бузург роҳандозӣ мешуд.
Дар атрофи озмун зиёд гуфтанду мегӯянд. Мо ин ҷо чанд аксеро аз манзараҳои он рӯзҳо, ки дар Китобхонаи миллӣ гузашт, пешкаш мекунем. Ҳамкорамон Хусрави Милод заҳмати зиёд кашид ва як силсила аксҳоро омода кард ва мо низ аз миёни онҳо чандеро интихобан мегузорем. Саҳнаи гӯё, лаҳзаҳои нотакрор, ҷаҳоне шодиву фараҳ...