Инноватикаи китобдорӣ - омили рушди соҳа

 Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳоноро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати «дарҳои кушода» ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрў ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд.  Дигаргуниҳои куллие, ки дар даврони истиқлоият дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ба вуқуъ омаданд, нисбат ба рушди соҳаи китобдорӣ муносибат ва талаботи навро ба миён гузоштанд. Ҷорӣ намудани навгониҳо ё ба ибораи нисбатан маъмул, «инноватсияҳо» тақозои даврони истиқлол гардид.

  Бо шарофати сиёсати оқилонаи фарҳангии Пешвои муаззами миллат сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаи китобдорӣ  хеле беҳтар гардида, таъминоти онҳо бо маводи таълимӣ ба  забони давлатӣ ба маротиб афзуд.

  Дастури таълимие, ки муррифӣ мешавад, «Инноватикаи китобдорӣ»  унвон дошта, аз ҷониби дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Сафар Шосаидзода барои донишҷўён, магистрантон, аспирантон, онҳое, ки дар зинаи доктор (PhD) таҳсил мекунанд, инчунин роҳбарони китобхонаҳо, мутахассисони хадамоти методии китобхонаҳо таҳия гардидааст.

  Дар дастур мундариҷаи «Инноватикаи китобдорӣ», моҳият, самтҳо ва функсияҳои менеҷменти инноватсионӣ дар китобхонаҳо  шарҳу эзох дода шуда, ба таҳлили масъалаҳои истифодаи самараноки неруи инноватсионии китобхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст.

  Вобаста ба муҳиммияти ҷоринамоии инноватсияҳо дар соҳаҳои гуногуни илму истеҳсолот Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «бо мақсади беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ин самт ва истифодаи амалии онҳо дар рушди истеҳсолоти ватанӣ пешниҳод менамоям, ки дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникиву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажўҳишӣ ҷалб карда шаванд».

  Вобаста ба ин, дар дастури таълимии мазкур ба масъалаҳои таҷрибаи идоранамоии инноватсияҳо дар сатҳи ташкилӣ (яъне дар сатҳи китобхонаи мушаххас) таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамзамон инноватсия ва раванди инноватсионӣ ҳамчун объекти идоракунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

  Мураттиб мақсад гузоштааст, ки дар доираи дастури мазкурназарияи инноватика ва менеҷменти инноватсиониро таҳлилу ҷамъбаст намуда, хусусияти истифодабарии онро дар соҳаи китобдорӣ ошкор созад, ҳамзамон таҷриба ва натиҷаи истифодаи методҳои менеҷменти инноватсиониро дар фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон ва мамолики хориҷӣ таҳлил кунад.

Зафари  ШАРИФ,

 мудири кафедраи китобхонашиносӣ

ва библиографишиносии

ДДФСТ  ба номи Мирзо Турсунзода.

 
Барчаспҳо: