Маҳбубияти Тоҷикистон: Номаҳои шодбошии сарони давлатҳои хориҷӣ
Ба муносибати фарорасии ҷашни умумимиллӣ – бистуҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимонатарини ин ҷонибро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол қабул фармоед.
Кишвари Шумо дар шоҳроҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бомуваффақият қадам зада, дар умури минтақвӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим ва созанда дорад.
Бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистонро қайд менамоям. Миёни давлатҳои мо муколамаи пурмӯҳтавои сиёсӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар арсаҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст. Ҳамоҳангии кӯшишҳои ҷонибҳо дар чорчӯбаи ИДМ, СААД, СҲШ, ҳамчунин СММ ва САҲА самараи хуб медиҳанд.
Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак мо шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии байни Россия ва Тоҷикистонро дар минбаъда низ таҳким хоҳем бахшид. Ин амр, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои халқҳои мо ва раванди таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Сидқан ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавому комёбиҳо ва ба ҳамватанони Шумо саодату хайрият орзумандам».
Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии сарвари давлати мо чунин менигорад:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, ҳамчунин шахсан аз номи худам табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба Шумо ва ба мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 28-мин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.
Моҳи апрели соли ҷорӣ Шумо дар Чин дар Дуввумин форуми сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар чорчӯбаи “Як камарбанд ва як роҳ” ширкат варзидед. Моҳи июни соли равон ин ҷониб ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дода, дар мулоқоти сатҳи олии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок доштам. Мову Шумо музокироти самарбахшеро доир намуда, ба мувофиқаҳои васеъмиқёс расидем ва нақшаи нави густариши минбаъдаи муносиботи дуҷониба ва ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф таҳия намудем. Ман ба рушди муносибатҳои миёни Чин ва Тоҷикистон аҳаммияти хосса медиҳам ва ният дорам дар якҷоягӣ бо Шумо ҷиҳати бемайлон бардоштани сатҳи муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистон ба зинаҳои боз ҳам баландтар бар нафъи кишварҳо ва мардумони мо саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳам.
Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву тавоноӣ ва ба мардуми он саодату некӯаҳволӣ орзумандам».
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар барқияаш гуфтааст:
«Муҳтарам Президент Раҳмон,
Боиси хушнудии ман аст, ки аз номи мардуми Амрико мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи истиқлол табрик намоям.
Тӯли 28 соли охир Иёлоти Муттаҳида бо сарфарозӣ дастригии соҳибистиқолӣ ва рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд. Мо аз кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати тақкими амнияти байналмиллалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол менамоем.
Иёлоти Муттаҳида пуштибонии худро аз фаъолияти Тоҷикистон дар самти расидан ба ояндаи дурахшоп идома хоҳад дод».
Нурсултон Назарбоев, Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз самими қалб Шуморо ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол табрику муборакбодӣ менамоям.
Дар Қазоқистон саҳми Шуморо дар муттаҳид гардонидани ҷомеаи Тоҷикистон, ҳамчунин таъмини пешрафти босуръати кишвар дар шоҳроҳи тараққиёту шукуфоии сиёсиву иқтисодӣ баланд арзёбӣ менамоянд.
Дар як давраи аз нигоҳи таърих кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, мақоми нақшофари фаъолу бонуфузро на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиб гашт.
Итминони комил дорам, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории миёни кишварҳои мо дар оянда низ таҳким ёфта, ба нафъи мардумонамон босуръат рушд хоҳанд кард.
Умед дорам, ки тамосҳои дӯстонаи шахсии мо дар минбаъда низ идома хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат мехостам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳҳатии бардавому дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ орзу намоям».
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Тоҷикистон тайи солҳои рушди соҳибистиқлолии худ таҳти роҳбарии Шумо роҳи таҳаввулоти муҳимро тай карда, дар кори бунёди давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва обрӯву эътибораш дар арсаи байналмилалӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид.
Дар Қазоқистон аз дастовардҳои Тоҷикистон ҳамеша изҳори хушнудӣ менамоянд ва ба таҳкими минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва эътимодбахш байни давлатҳои мо аҳаммияти хосса медиҳанд.
Итминон дорам, ки муколамаи сиёсии кушодаву равшан ва зиче, ки миёни мо ба вуқӯъ пайвастааст, дар оянда низ чун заминаи боэътимоди рушди рӯзафзуни шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон хизмат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Тоҷикистон хушрӯзиву шукуфоӣ орзумандам».
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев, чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз номи мардуми Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо ҷашни миллии кишвар - Рӯзи истиқлол сидқан табрику муборакбодӣ менамоям!
Дар ин рӯзи хотирмон мехостам комёбиҳои арзишмандеро, ки таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи бунёди давлатдорӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ гардонидани ислоҳоти созандаи иқтисодии фарогири тамоми соҳаҳо, роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии прагматикӣ ва таҳкими обрӯву эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба даст оварда шудаанд, махсусан таъкид намоям.
Татбиқи самарабахши барномаву ташаббусҳои муҳими иҷтимоӣ, ки мавриди дастгирии мардуми гуногунмиллати Тоҷикистон қарор дошта, аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мегарданд ва баланд бардоштани сатҳу сифати ҳаётро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоянд, шоёни баҳои баланд мебошад.
Ҳамаи ин дастовардҳо, бешубҳа, ба туфайли иродаи қавии сиёсӣ, маҳорату таҷрибаи бузурги ходими давлатии Шумо имконпазир гардидаанд.
Боиси хушнудист, ки робитаҳои анъанавӣ дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории байни Ӯзбекистону Тоҷикистони ба ҳам бародар, ки решаҳояшон аз қаъри таърих маншаъ мегиранд, имрӯз низ босуръат рушд карда, дар асоси усули шарикии стратегӣ бомаром таҳким меёбанд.
Бо талошҳои муштарак мо тавонистем, ки дар таърихи муносиботи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фасли навро оғоз намоем ва онҳоро ба сатҳи сифатан нав бардошта, бо мазмуну мундариҷаи мушаххаси амалӣ ғанӣ гардонем.
Мехостам садоқати қавии моро ба таъмиқи минбаъдаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба аз рӯи тамоми рӯзномаи ҳамдастии ҷонибҳо ба нафъи кишварҳо ва мардумонамон, ҳамчунин бар манфиатҳои сулҳу рушди устувори ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намоям.
Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, саломатии бардавом, хушрӯзии оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон бошад, сулҳу шукуфоӣ орзумандам».
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон – Сооронбай Жээнбеков чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми тоҷикро бо Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбодӣ менамоям.
Муваффақиятҳои назаррасе, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо то имрӯз дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ба даст омадаанд, хусусан таъсирбахш мебошанд.
Боварии амиқ дорам, ки муносибатҳои воқеан дустонаву ҳусни ҳамҷаворӣ байни Қиргизистону Тоҷикистон бо дастгирии шахсии Шумо минбаъд ҳам дар ростои манфиатҳои мардумони ду кишвар тақвият хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатии бардавому некрӯзӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно менамоям».
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон, чунин омадааст:
«Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рӯзи миллии Тоҷикистон мехостам аз номи худ ва аз номи мардуми Франсия табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти саодатмандиву шукуфоиро ба мардуми тоҷик иброз намоям.
Умед дорам, ки бо мусоидати Шумо муносибатҳои наҷиби сиёсии байни кишварҳои мо минбаъд низ таъмиқ хоҳанд ёфт.
Аз ин нигоҳ машваратҳои сеюми дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ки 29 январи соли 2019 доир гардиданд, муваффақомез буданд. Ташрифи котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ Жан –Батист Лемуан ба Тоҷикистон дар таърихи 18 апрели соли равон барои мо имкон фароҳам овард, ки самтҳои ҳамкориҳоямонро тавсеаи бештар бахшем. Изҳори умед менамоям, ки мо чунин ҷараёни хубро дастгирӣ хоҳем кард.
Умед бар он мебандам, ки ҷараёни дар муносиботи мо оғозгардида мубодилаи мушаххаси моро оид ба мавзуоти мавриди манфиатҳои умумӣ тақвияти бештар хоҳад бахшид.
Ҷаноби Президент, аз Шумо қабули изҳори эҳтироми фоиқаи ин ҷонибро хоҳишмандам».
Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар номааш гуфтааст:
«Бародари муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Худованд ҳифзатон кунад
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,
Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи миллат ва ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод намоям.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию саодатмандии бардавом, ба Ҳукумат ва мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештар орзумандам».
Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон – Франк-Валтер Штайнмайер дар матни табрикотии худ гуфтааст:
«Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти худро ирсол менамоям.
Олмон аввалин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо буд, ки сафорати худро соли 1993 дар Душанбе ифтитоҳ намуд
Аз он вақт инҷониб муносибатҳои байни Тоҷикистону Олмон мунтазам инкишоф ёфта истодаанд. Олмон минбаъд низ барои кишвари Шумо дар ҷодаи таҳкими демократия ва давлати ҳуқуқбунёд, инчунин таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамчун шарики боэътимод боқӣ хоҳад монд.
Шахсан ба Шумо ва мардуми тоҷик тамоми хушиҳо, сулҳ ва шукуфоиро таманно дорам».
Дар табрикномаи Императори Ҷопон Наруҳито чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудии зиёд табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ирсол дошта, ба мардуми кишвари Шумо хушбахтӣ ва шукуфоӣ орзумандам».
Илҳом Алиев – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар номаи табрикотӣ чунин навиштааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуматонро бо иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи истиқлол аз самими қалб табрик менамоям.
Имрӯз Тоҷикистони дӯст соҳибистиқлолии худро таҳким бахшида, ба иқтисодаш рушд рушд дода, некӯаҳволии мардумашро боз ҳам беҳтар гардонида, дилпурона ба сӯи пеш қадамҳои устувор гузошта истодааст. Кишвари Шумо ҳамзамон дар истиқрори сулҳу суботи ҷаҳону минтақа, амният ва муколамаи байналмилалӣ саҳми шоён гузошта истодааст.
Бовар дорам, ки он иқдомоте, ки аз ҷониби мо ҷиҳати тавсеаи миқёси ҳамкориҳоямон ва таҳкими равобити дуҷонибаи кишварҳоямон, ки бар асоси эҳтироми якдигар ва эътимод сурат мегиранд, ҳамеша бар нафъи мардумонамон хидмат хоҳанд кард.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар чунини рӯзи хотирмон ба Шумо саломатии бардавому дар корҳоятон муваффақият ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон – доктор Ориф Алви, чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли майл шуморо ба муносмбати ҷашни Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва таҳният менамоям.
Байни Покистон ва Тоҷикистон равобити самимӣ ва дӯстона вуҷуд доранд, ки решаҳои амиқи динӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ доранд. Майли дуҷонибаи мо ҷиҳати таъмин намудани сулҳ ва шукуфоӣ дар минтақа ҷоннок намуданн талошҳоро барои ҳамкории минбаъда талаб мекунанд. Итминони комил дорам, ки дар якҷоягӣ мо метавонем муносибатхои дуҷонибаи мавҷударо байни Покистон ва Тоҷикистон минбаъд мустаҳкам намуда, ба куллаҳои баланд равона созем.
Ин фурсатро ганимат дониста, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сихатии комил, пирӯзиҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон - сулҳу пешрафтиӣ ва шукуфоӣ орзумандам.
Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ғанимат медорам».
Аълоҳазрат Ал-Султон Абдуллоҳ Риоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни Ал-Марҳум Султон Ҳоҷи Аҳмад Шоҳ Ал-Мустаъин Билоҳ, Шоҳи Малайзия табрикоти худро бо мазмуни зайл ирсол намудааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Боиси хушнудист, ки табрикоти самимии худро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни фараҳбахш -28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бирасонам.
Мо мехоҳем итминони худро ба пешрафту рушди муваффақонаи минбаъдаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Шумо изҳор намоем.
Мо аз даргоҳи Худованди бузург барои Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу некрӯзӣ ва барои тамоми мардуми Тоҷикистон шукуфоии бардавому сулҳу саодатмандӣ масъалат дорем».
Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Шоҳи Шветсия – Карл Густаф, Президенти Федеролии Ҷумҳурии Австрия – Александр Ван дер Беллен, Президенти Ҷумҳурии Португалия – Марсело Ребело ди Суза, Президенти Ҷумҳурии Сингапур – хонум Ҳалима Якоб, Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба - Мигел Диас-Канел Бермудес, Валиаҳд–Муовини Раиси Шӯрои вазирон–вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Президенти Давлати Фаластин – Маҳмуд Аббос - ва дигарон расиданд.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 28-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Ба муносибати иди миллӣ табрикоти самимии маро қабул намоед.
Дар муддати солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар ҷодаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳкими ризоият ва субот дар ҷомеа ба дастовардҳои ҷиддӣ ноил гашт.
Дар Беларус аз муносиботи мавҷудаи ҳамёрии стратегии байни кишварҳоямон қадрдонӣ мекунанд. Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак мо анъанаҳои деринаи дӯстии миёни Беларусу Тоҷикистонро ҳифз намуда, боз ҳам афзун хоҳем гардонид.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавому хушбахтӣ, амалӣ гардидани ҳамаи ниятҳоятон ва ба мардуми Тоҷикистони бародар сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».
Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:
«Бародари азиз, Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон
Раисҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Иҷозат бидиҳед ба муносибати бисту ҳаштумин солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон, самимонатарин маротиби табрикоти худ ва мардуми Афғонистонро ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми бародари он кишвар, иброз намоям.
Мардуми Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол дастовардҳои сутург дар ростои ободӣ ва пешрафти кишварашон доштаанд. Мардуми Афғонистон ба унвони дӯстони наздики Тоҷикистон ба робитаҳои нек ва ҳасанаашон, ки ҳамвора ба он кишвар тавсеа ёфтааст, ба дидаи қадр менигаранд.
Ҷалолатмаоб Раисҷумҳур,
Ҳамон гуна, ки моҳи июни ҳамин сол дар Бишкек дар мулоқоти дӯстонаи хеш ёдовар гардидам, Афғонистон ва Тоҷикистон фурсатҳои бузург барои густариши ҳамкориҳо ва кори муштарак дар пружаҳои муҳими минтақавӣ доранд.
Афғонистон омода аст то ба манзури истифода аз ин фурсатҳо ва таҳкими бештари равобити дӯстона бо Тоҷикистон талошҳои ҳамаҷониба намояд.
Ман зимни хушӣ ва ризоят аз мулоқот бо Ҷалолатмаоби Шумо, сиҳативу муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва саодату тараққии бештари мардуми бародари Тоҷикистонро хоҳонам».
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Туркманистон зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрикоти самимиву беҳтарин таманниётамро ба муносибати Рӯзи истиқлоли кишваратон ирсол медорам.
Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро муносибатҳои неки дӯстии бисёрсола дар асоси усули баробарӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод ба ҳам мепайванданд. Итминон дорам, ки сатҳи баланди дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни кишварҳои мо, ки то имрӯз бадаст омадааст, дар оянда низ чун заминаи боэътимод барои рушди муколамаи байнидавлатии Туркманистон ва Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии созанда ба нафъи мардумони ду кишвар хизмат хоҳад кард.
Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии бардавому саодатмандӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу некрӯзӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».
Рам Натҳ Ковинд, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:
«Ҷаноби муҳтарам,
Аз номи Ҳукумат, мардуми Ҳиндустон ва шахсан аз номи худ мехоҳам табрикоти самимии худро ба Ҷаноби Олӣ ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти шумо иброз намоям.
Дӯстии Ҳиндустон ва Тоҷикистонро робитаҳои қавии таърихӣ ва фарҳангӣ мустаҳкам мекунанд. Равобити дуҷонибаи мо аз соли 2012 то ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошта шудааст. Боварӣ дорам, ки равобити мо дар заминаи фаъолияти муштараки мо минбаъд низ тавсеа ва таҳким хоҳад ёфт.
Ман ба Шумо Ҷаноби Олӣ, орзуҳои неки худ, тансиҳатии бардавом, саодат ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафту шукуфоиро таманно мекунам.
Ҷаноби муҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба Шумо ғанимат медонам».
Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:
«Ба муносибати солгарди иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо аз номи мардуми Италия ва шахсан аз номи худам сидқан табрик менамоям.
Кишварҳои мо ба туфайли ҳамкориҳои самаранок, ки Италия ба онҳо аҳаммияти калон медиҳад, бо ҳам муттаҳид шудаанд.
Бовар дорам, ки муносибатҳо байни Душанбеву Рим дар асоси дуҷониба ва дар доираи ҳамоишҳои дахлдори минтақавӣ минбаъд ҳам таҳким хоҳанд ёфт.
Дар интизори мулоқоти ояндаамон, ба Шумо, Ҷаноби Президент ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон ҷиҳати рифоҳи он таманниёти беҳтарини худро таҷдид менамоям».
Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон дар матни табрикотии худ гуфтааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан аз номи худам ва мардуми Туркия Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз самими қалб табрик менамоям.
Туркия, аз рӯзҳои аввалини истиқлолияти кишвари дӯсти Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлӯи он қарор гирифта буд ва минбаъд низ дар қарор хоҳад гирифт.
Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон беҳбудиву осудаҳолӣ таманно дорам».
Дар табрику таҳнияти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ чунин омадааст:
«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон
Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаро расидани бисту ҳаштумин солгарди Истиқлоли кишваратонро ба Ҷаноби Олӣ ва миллати дӯсту бародари Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Хушбахтона тайи бисту ҳафт соли гузашта муносиботи бародаронаи байни ду кишвар дар чорчӯби манфиатҳои муштарак ва пайвандҳои деринаи тамаддуниву фарҳангӣ, раванди рӯ ба рушдеро шоҳид буда ва дар натиҷаи саъю кӯшишҳои муштараки мақомоти олии ду кишвар, чашмандози умедбахше гушуда шудааст. Умедворам муносиботи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо ва дар ҷиҳати таъмини субот ва амнияти минтака тавсеаву таҳким ёбад.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб ва некӯаҳволӣ ва беҳрӯзии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам».
Дар табрикоту таҳнияти Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон қабул фармоед.
Бешубҳа, ин санаи хотирмон дар таърихи муосири Тоҷикистон ба дигаргуниҳои куллии ҳаёти кишвар оғоз бахшида, афзалиятҳои ҳамкориҳои байналмилалии онро муайян намуд.
Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва дастгирии ҳамдигари халқҳои Арманистону Тоҷикистон дар оянда низ ба баланд бардоштани самаранокии равобити байнидавлатиамон чи дар сатҳи дуҷониба ва чи дар сиғаҳои бисёрҷониба мусоидат хоҳад кард.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии қавию некрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».
Президенти Маҷористон Янош Адер дар барқияаш навиштааст:
«Ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи истиқлолият иҷозат фармоед ба Шумо ва мардуми дӯсти тоҷик табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро иброз намоям.
Боиси хушнудист, робитаҳое, ки Тоҷикистону Венгрияро бо ҳам мепайванданд, солҳои охир инкишоф ёфта истодаанд ва бовар дорам, ки ин раванд минбаъд низ ба таври мунтазам идома хоҳад ёфт.
Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки ҷониби Венгрия ба таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди байни кишварҳоямон омода мебошад.
Ҷаноби Президент, ба Шумо дар кори масъулиятнокатон минбаъд низ комёбиҳои бузург ва саломатии қавӣ орзу менамоям».
Сарвари Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Абдулқодир бин Солеҳ дар барқияаш гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Боиси хушнудии ман аст, ки мардуми Тоҷикистони дӯст Иди истиқлолашонро ҷашн мегиранд. Бо истифода аз фурсат Шуморо, Ҷаноби Олӣ аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Алҷазоир табрику таҳниат гуфта, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандӣ, бахту иқбол ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии боз ҳам бештарро таманно менамоям.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳоямон мутобиқ ба манфиатҳои мардумонамон омодагии ҳамаҷонибаи худро барои тақвият бахшидан ва рушд додани робитаҳои дӯстӣ, ҳамбастагию бародарӣ, ки кишварҳои моро бо ҳам мепайванданд, таъкид менамоям.
Бо камоли эҳтиромот ва қадршиносӣ бори дигар Шуморо, Ҷаноби Олӣ, табрику муборакбодӣ менамоям».
Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Шоҳи Нидерланд – Уилям Александр, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV ва Директори Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид – Тсю Донжуй ва дигарон расиданд.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти кишвар ба муносибати ин ҷашни фараҳбахш – 28-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.