“Биология умумӣ”-ро дар Китобхонаи миллӣ метавонед бихонед

 Хонандагон дар синфи 11 омўзиши биологияи умумиро, ки дар синфи 10 ба он шурўъ карда буданд, давом медиҳандДар  синфи 10 кадом мавзўъҳоро омўхтанд? Гуногуншаклии олами зинда, эволюцияи кимиёвӣ ва биологӣ, эволютсияи биосфера, пайдоиши ҳаёт дар рўйи Замин, ташаккули кимиёвиии ҳуҷайра, мубодилаи моддаҳо, сохт ва вазифаи ҳуҷайра, афзоиши организмҳоинкишофи фардии организмҳо, мафҳумҳои асосии генетика ва қонунҳои ба мерос гузаштани аломатҳо ва ғайраро.

 Дар синфи 11 ба мавзўъҳои зерини биологияи умумӣ шиносоӣ пайдо хоҳанд кард. Аз ҷумла дар бораи қонунҳои тағйирпазирӣ, асосҳои селексия, конунҳои инкишофи табиати зинда, мароэволютсия, инкишофи олами органикӣ дар рўйи Замин, пайдоиши инсон, бионика, биосфера, асосҳои экология ва ғайраҳо маълуот пайдо хоҳанд намуд.

 Китоби Биологияи умумӣ барои синфи 11, ки соли 2018 бори чорум нашр шудааст, мушкили шумо хонандагони азизро осон мекнуад.    Нашри чорум ба талаботи принсипи салоҳиятнок (таълими босифат) мувофиқ кунонида шудааст. Дар охири ҳар як мавзўъ саволҳо барои санҷиш, истилоҳот ва саволҳои тести пешниҳод шудааст. Ин саволҳо барои пайдо кардани малакаи донистан ва тавонистан мусоидат мекунад.

 Дар китоб, ки аз ҷониби гурӯҳи муаллифон навишта шудааст, дар бораи дастовардҳои илмии ба мавзўъҳо дахлдоштаи олимони ватанӣ маълумот дода мешавад.

 Ин китобро Шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасон пайдор ва мутолиа намоед.

Замира Давлатова,

мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон