Ганҷинаи фолклори тоҷик
Фонди фолклори тоҷик (ФФТ), бойгонии фолклори халқи тоҷик, ки соли 1958 дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Маводди ганҷина, асосан, ба забони тоҷикӣ буда, баъзе намунаҳо ба забонҳои русӣ ва ўзбекӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Ганҷина дар асоси маводи фолклории шуъбаи адабиёт, ки 320 саҳифаро ташкил мекард, созмон ёфт. Баъдан маводе, ки дар ихтиёри адибон ва дўстдорони фолклор қарор дошт, ба он илова шуд. Матнҳои нисбатан қадимии ганҷина марбут ба солҳои 1923-28 мебошанд, ки аз ҷониби Абдулло ва Абдулаҳад Норматов, Шариф Асрор, Бурҳонов, Қурбоншоҳ ва Давлатшоҳ Ҷиёншоев, Нуриддин ва Хайриддин Қараев аз ноҳияҳои Кангурт, Балҷувон, Даштиҷум сабт шудаанд. Инчунин дар ганҷина маводди фолклорие, ки профессор А. Загуров солҳои 30 асри 20 дар зиндони ш. Қарағанда аз тоҷикони маҳбус навишта гирифтааст, дохил аст. Дар ганҷина маводди зиёде мавҷуд аст, ки онҳоро солҳои 30-40 асри 20 адибон, забоншиносон, адабиётшиносон ва мардумшиносон гирд овардаанд. Дар он солҳо як зумра адибон ва олимон ба монанди А.А.Семёнов, Ҳ. Карим, М. Турсунзода, Р. Ҷалил, С. Ҷавҳаризода, Л. Бузургзода, Ҷ. Икромӣ, Ҳ. Юсуфӣ, М. Миршакар, Я. Налский, Б. Ниёзмуҳаммадов ва дигарон намунаҳои зиёди асарҳои халқиро ҷамъоварӣ намудаанд, ки то ба имрўз дар ганҷина нигаҳдорӣ ва дар таҳқиқоти илмӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Лутфулло Бузургзода солҳои 1934-37 аз деҳоти вилоятҳои Ленинобод (ҳоло Суғд), Кўлоб ва Ғарм аз мардум саргузашт, нақлу ривоят, ҳикоят, суруд ва таронаҳоро ҷамъ овардааст, ки онҳо аз 200 саҳифаи дастнавис иборатанд.
Шуъбаи фолклор ба усули аксбардории ҷараёни гирдоварии фолклор, сабти мусиқӣ ва баёни гўяндагон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз солҳои 1958-59 мутахассиси ин соҳа Э. А. Швартсро ба кор ҷалб намуд. Ў як коргоҳи муҷҷаҳази сабту рўйнависи намунаҳои фолклорро ба вуҷуд овард, ки равиши маросимҳо ва лаҳзаҳои ҷолиби ҳунари ровиёну гўяндагони мумтози мардумиро дар маҳалҳо аксбардорӣ ва наворбардорӣ мекард. Бахши муҳими он наворҳои овозӣ ва тасвирӣ мебошанд, ки то ҳол дар захираи сабти овозии шуъба нигаҳдорӣ мешудаанд. Корҳои гирдоварии маводди фолклор дар солҳои баъдӣ беш аз пеш вусъат ёфта, миқдори сабтҳои хаттию овозии асарҳои фолклорӣ дар ганҷина тадриҷан меафзуд.
Роҳи дигари афзудани маводди ганҷина ҳамкорӣ бо донишҷўёни макотиби олии кишвар буд, бо ёрии онҳо 25 ҳазор саҳифа мавод гирд оварда шуд. Эпоси «Гурғулӣ» аз шоҳкорҳои нодири мардумӣ буда, ҳоло дар ганҷина беш аз 124 достони он дар шаклҳои хаттию овозӣ маҳфузанд. Аз гўрғулисароён навишта гирифтани достонҳои «Гурғулӣ» бо ду роҳ амалӣ шудааст. Масалан, С. Фатҳуллоев ба ноҳияҳо рафта, аз Ҳ. Кабуд (сокини ноҳияи собиқ Октябрь), Алиев Сайидалӣ (ноҳияи Данғара) 100 ҳазор мисраи «Гўрғулӣ»-ро навишта гирифта, ба ганҷина супорид. Роҳи дуввум, даъват кардани гурғулихонҳо ва аз онҳо навишта гирифтани достонҳояшон буд. Чунончи, достонҳои Одина Шакар, Ҳикмат Ризо, Қурбоналӣ Раҷаб ва Замиров Талбӣ дар институт навишта гирифта шудаанд. Дар солҳои 70-80 асри 20 аз минтақаҳои Тоҷикистон ва ноҳияҳои тоҷикнишини Узбекистон, Эрон ва Афғонистон маводди зиёди фолклорӣ гирдоварӣ ва ба ганҷина супорида шуд. Тибқи маълумоти омори охирин (то соли 2012) маводди ганҷина 224 ҳазор саҳифаро ташкил медиҳад. Ин мавод асосан ба забони тоҷикӣ бо ҳуруфи лотинӣ, кириллӣ ва форсӣ буда, намунаҳо ба забонҳои ўзбекӣ, русӣ ва арабӣ низ ҳастанд. Асарҳои фонд бо аломатҳои ФФI, ФФII, ФФIII (Фонди фолклори тоҷик, тартиби рақам: I, II, III ва ғ) ишора карда шудаанд, ки он то 12 қисмро дар бар мегирад. Давоми асарҳои фонд аз ФБI оғоз шуда, то ба ФБV расидааст. Бояд қайд намуд, ки ФФ, ФБ аломатҳои шартианд. Ҳар ҷилд (масалан, ФФ) аз рақами тартибии аз 0001 шурўъ шуда, бо рақами 9999 ба охир мерасад ва саҳифаҳои ҷилдҳо баъдӣ боз аз 0001 оғоз мешаванд. Яъне ҳар як қисми он аз 10000 саҳифа иборат аст. Баъди саҳифабандӣ, ба ҳар матн сигнатура ва шиноснома гузошта мешаванд, ки яке аз хусусиятҳои бисёр муҳим ва зарурӣ аст. Пас, панҷ бор, аз 1 то 5, шумора ва панҷ сигнатура гузоштан зарур аст. Агар ин панҷ асар аз як жанр иборат бошанд, аз 1 то 5 шумора ва як сигнатура гузоштан кифоя аст. Ба ҳамин тарзи кор ҳар як матн ба таври мушаххас соҳиби шиноснома шудааст. Пас аз он ки ҳамаи маводди ганҷина саҳифабандӣ шуда, дорои шиноснома гаштанд, масъалаи сохтани феҳрист (каталог) и жанрҳо ба миён омад. Ин усули кор имкон дод, ки теъдоди асарҳои халқие, ки ба тарзи омехта дар дафтарҳои зиёд сабт шудаанд, ба таври дақиқ муайян карда шаванд.
Аз рўйи ин ҳисоб, ҳоло дар ганҷина 20400 адад матни зарбулмасалу мақол, 8100 чистон, 29340 рубоӣ, 29600 байт, 18510 тарона, 13440 суруд, 6230 афсона, 3900 латифа, 124 достони эпоси «Гурғулӣ» маҳфуз аст.
Дар солҳои 2007-2008 кормандони институт ба 12 экспедитсияи фолклорӣ ба навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ баромада, маводро дар шакли овозӣ ва тасвирӣ сабт намуданд. То имрўз (даҳсолаи дувуми асри 21) дар ганҷина тақрибан 200 сабти видеоии достонҳои «Гурғулӣ», суруду мусиқиҳо, маросимҳои мардумӣ, мавзеъҳои таърихӣ, касбу ҳунарҳои суннатӣ ва ғ.; беш аз 1700 соат сабтҳои овозии матнҳои фолклорӣ, суруду мусиқиҳои суннатӣ, мусоҳибаҳо, адабиёти шифоҳӣ ва монанди инҳо: тақрибан 7000 адад акси чопӣ ва рақамии гўяндагонӣ матнҳои фолклорӣ, мавзеъҳои таърихӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастӣ, тарзи зисти мардум, манзараҳои табиати ноҳияҳо ва ғайра нигаҳдорӣ мешаванд. Мудири ганҷина нахуст фолклоршинос С. Норматов, баъдан М. Холов, Қ. Ҳисомов ва Н. Шакармамадов буданд. Аз соли 1965 то соли 2012 Ф. Муродов мудирии фондро бар уҳда дошт. Бо саъю талоши ў ганҷина дар солҳои 1990-ум, дар замони бесуботӣ бидуни осеб маҳфуз монд. Аз соли 2012 мудири Ганҷинаи фолклори тоҷик С, Фатҳуллоев мебошад.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик». – Душанбе, 2015. – С. 200-201.
Муаллифон: Д. Раҳимов, Ф. Муродов
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи ганҷинаи фолклори тоҷик боз ин матолибро ҳам хонда метавонед:
Намунаи фолклори тоҷик. – Сталинобод: НДТ, 1940. – 228 с.
Фолклори тоҷик. – Сталинобод: Нашрдавтоҷ, 1957. – 453 с.
Фолклори тоҷик: Маҷмўаи мақолаҳо. – Душанбе: Дониш, 1973. – 204 с.
Куллиёти фолклори тоҷик: Зарбулмасалҳо. – Душанбе: Дониш, 1986. – 240 с.
Баёзи фолклори тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 1985. – Ҷ.1. – 288 с.
Куллиёти фолклори тоҷик: Ҳамосаи “Гурғулӣ”. – Душанбе: Дониш, 2007. – 265 с.
Ганҷинаи фолклори тоҷик. – Душанбе: Ватанпарвар, 2008. – 76 с.
Дар бораи достони «Гурғулӣ» фолклор // Шарқи Сурх. – 1940. – №1.
Улуғзода, С. Дар бораи ҷамъ кардан ва омўхтани фолклори тоҷик // Шарқи Сурх. – 1951. – №7. – С. 126-131.
Амонов, Р. Сарвати маънавӣ: Доир ба фолклоршиносӣ // Машъал. –
1971. – №6. – С. 22-23.
Носиров, М. Фолклор – баёнгари ҷашни умумихалқии Нарвўз // Мароми пойтахт. – 2016. – 18 марта.
Аҳмад, Р. (Рўзӣ). Истиқлол ва фолклор: Фолклор ва фолклоршиносӣ як бахши муҳими фарҳанги миллат. – 2018. – 6 июл.
Таҳияи Манижа Раҷабова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ