Тарбияи ҷавонон ва вобастаги онҳо ба бозиҳои компютерӣ

  Мувофиқи далелҳои мутахассисон қариб 40-50%-и одамоне, ки ба бозиҳои компютерӣ завқман ҳастанд, ҷиноятро дар олами виртуалӣ пайдо мекунанд ва аз 20 – 30%-и онҳо дар сарҳади вобастагии равоншиносӣ (психологӣ) қарор доранд.  Равоншиносон тасдиқ намуданд, ки вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ нисбати дигар вобастагиҳои ба мо маълум ба монанди тамокукашӣ, нашъамандӣ, нўшокиҳои спиртӣ ва ғайра зуд пайдо мешавад. Ба ҳар яки мо маълум аст, ки ҳодисаҳо бесабаб намешаванд. Мубталои вобастагии равонӣ (психологии) бозиҳои компютерӣ шудан ҳам сабаб ва омилҳои худро дорад.

  Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ҷўянадаи сулҳу амонӣ  на танҳо дар дохили кишвар, балки дар ҷаҳон  хоҳони  зиндагии созгору  некўаҳволона  аст. Ниёгони бузурги тоҷик бо истифода аз хиради илоҳӣ ва таҷрибаи рўзгору осудаи хеш ба тарбияи фарзанд машғул мешуданд. Аз  даврони кўдаки сар карда, ҳар  як  марҳилаи  ҳаёти фарзандро бо гулоби тарбияи некў, ки бозгўи «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» буд, шодоб менамуданд. Бояд таъкид намуд, ки тарбия ҳама вақт  мураккаб ва мушкил аст. Зеро рўҳия, хоҳиш, миҷози ҳар як шахс гуногун буда, вобаста ба он роҳу  усулҳои ҳархелаи тарбиягирӣ ва тарбиякуниро талаб мекунад. Тарбия аз ҳамон  вақте ки инсон аз  ҳастии худ дарак медиҳад, оғоз мешавад. Хушбахтона то имрўз аз он даврони ифтихорӣ моро панду андарзҳои  ниёгон раҳнамои кору пайкор аст ва мо имконияти фаровони истифодаи он таҷрибаҳоро дорем.  Мо ифтихор аз он дорем, ки ниёгони мо аз азал соҳибтамаддун  буданд.

    Имрўз дар баробари пешравии илму техника, амалҳои номатлуби инсонӣ ҳам рў ба афзоиш оварданд. Мутассифона дар байни ҷавонону наврасон амалҳои номатлуби нашъамандӣ, фоҳишагӣ, майзадагӣ, дуздию ғорат, беинтизомӣ, дағалӣ ва ғайраҳоро зиёд дидан мумкин аст. Ҳамаи ин боиси нороҳати ва номусоидати ҷомеа гардидааст. Ин ҳама кам набуд, ки боз як вабои дигари аср моро таҳдид карда истодааст. Ин масъала дар аксари кишварҳои олам ҳамчун вабои аср муаррифӣ шудааст. Ин масъаларо метавон  вобастагии равоншиносии (психологии)  бозиҳои  компютерӣ  номид. Ҳамин омили номатлуб сабаб мешавад, ки кўдакон аз дарсҳо ақиб мемонанд ва бесаводу бемасъулият мешаванд.  Баъдан натиҷаҳои ин амалҳо ба он оварда мерасонад, ки   насли наврас ва ҷавон  хеҷ  гоҳ  ба гуш намудан ва аз худ кардани насиҳати  калонсолонро  тоқат  надоранд. Бо воридшави ба шабакаи байналмилали Интернет онҳо на ба мутоилаи китоб ва ахбор машғул мешаванд. Балки баҳри сарфи энергияи ботиниашон бояд чизҳоеро тамошо кунанд, ки пур аз қатлу куштор, занозанӣ, парон-парон, чаҳидану давидан бошанд. Бояд инъикос намуд, ки мафҳуми интернетро бо забони тоҷикӣ хеле хуб тарҷума кардаанд яъне «тори анкабут». Барои ҳамаи мо маълум аст, ки ба тори анкабут  агар  чизе  дар монад, бозгашт надорад.

   Мувофиқи далелҳои мутахассисон қариб 40-50%-и одамоне, ки ба бозиҳои компютерӣ завқман ҳастанд, ҷиноятро дар олами виртуалӣ пайдо мекунанд ва аз 20 – 30%-и онҳо дар сарҳади вобастагии равоншиносӣ (психологӣ) қарор доранд.  Равоншиносон тасдиқ намуданд, ки вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ нисбати дигар вобастагиҳои ба мо маълум ба монанди тамокукашӣ, нашъамандӣ, нўшокиҳои спиртӣ ва ғайра зуд пайдо мешавад. Ба ҳар яки мо маълум аст, ки ҳодисаҳо бесабаб намешаванд. Мубталои вобастагии равонӣ (психологии) бозиҳои компютерӣ шудан ҳам сабаб ва омилҳои худро дорад. Бисёр ҳам ба маврид аст дар ин ҷо сабаб ва омилҳои ба ин вобастагӣ мубтало шудани наврасону ҷавононро ба таври зерин нишон диҳем:

- Барои кўдакон фаъолияти асосии пешбаранда бозӣ ба шумор меравад. Вақте  ки  волидайн аз фаъолияти бозии  фарзандаш  бехабар   мемонад, яке аз сабабҳои ин вобастагӣ шуда метавонад. Яъне чӣ тавр, ҳангоми аз бозӣ  ба хона бо либосҳои тоза баргаштани кўдакон барои волидон махсусан модарон як хушбахтӣ ба ҳисоб меравад ва агар баракс аст, яъне бо либосҳои чанголуду лойолуд баргардад, мавриди сарзаниш қарор мегирад. Як сири равоншиносиро барои волидон кушода медиҳам. Агар кўдаки шумо бо либосҳои тоза аз бозӣ ба хона баргашт, шумо маъюс шавед ва дарҳол аз паси кўдакатон ҳангоми бозӣ мушоҳида намоед. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кўдаки  шуморо  дигар  кўдакон қабул надоранд, аз бозӣ метарсад ва анна ҳамин сабаб мешавад, ки бозиҳои компютерӣ аз  бозиҳои  кўча  дида барояш  маъқултар  мешаванд;

- Ҷисман заиф будани кўдак сабаби дигари ин вобастагист,  чунки кўдак чун кўдакони дигар дар бозӣ фаъол буда наметавонад, зуд хаста мешавад ва аз тарафи дигар кўдакон мавриди сарзанишу масхара қарор мегирад. Дар бозиҳои компютерӣ бошад ў  аз ҳама пурқувватар аст ва касеро, ки хост мезанад, мепаронад, бисёр  чолок аст ва аз ўҳдаи ҳамаи кор мебарояд;

-Қонеъ нашудани талаботҳояшон аз тарафи калонсолон;

-Шавқовар нагузаштани дарсҳо аз тарафи муаллимон;

-Аз зери назорати волидон дур мондани фарзандон;

- Ба дастовардҳои кўдакон боэътиноӣ зоҳир кардан. Чӣ аз тарафи волидон ва чӣ аз тарафи муаллимон.  Дастовардҳои кўдакон барои мо калонсолон ночиз менамоянд, аммо набояд фаромўш сохт, ки кўдакон барои ин дастовардҳояшон (бигзор, ки оддӣ бошад) меҳнати зиёде сарф кардаанд;

- Мавҷуд набудани реҷаи рўзи кўдакон ва назорат накардани волидон аз рўи  ин реҷа. Реҷаи рўзи кўдакон бояд аз тарафи волидон бо  ба ҳисобгирии  хусусиятҳои  синну  соли  онҳо тартиб дода шавад.

            Ҳангоми мубталои ин вобастагӣ шудан, чунин рафторҳои номатлубро  мушоҳида  намудан  мумкин  аст:

            - Доимо ба як фикр банд буда, парешонҳоланд;

            - Барои ёфтани маблағи бозӣ дуздию фиребро истифода мебаранд;

            - Аз дарсҳо гўрехта, ба бозиҳои компютерӣ машғул мешаванд, ки дар натиҷа  мавҷи  бесаводӣ  онҳоро  фаро  мегиранд;

            - Бадбинӣ нисбати олами ҳақиқӣ пайдо шуда, ба олами вертуалӣ  дил  мебандад;

            - Аз назароти калонсолону ҳамсолон дур монда, дамдузд мешаванд;

            - Аз тарбияи мактабу оила дур монда, чиҳатҳои беҳтарини инсониро гум  мекунанд.

             Пешгирӣ аз вобаста шудани кӯдакон ба бозиҳои компутерӣ хеле муҳим аст, зеро ҷомеаи ободро бо мафкураҳои ғуборолуд наметавон сохт. Агар имрӯз шумо тифлони худро аз ин гуна бозиҳои бемазмун бознадоред, фардо дер хоҳад шуд.

Валиев Ҷамил,

корманди шуъбаи нигаҳдорӣ

 
Барчаспҳо: