Давраи омӯзишии сайёри такмили ихтисоси китобдорон дар вилояти Суғд

Дарсе, ки ҳақиқат аст дар сина бувад,

Дар сина манеҳ ҳар он чӣ дарсе набувад.

Сад хона китоб хондию нест ба ёд?

Бояд ки китобхона дар сина бувад!

Тошхўҷа Асирӣ

Дар ҳақиқат, устод Тошхўҷа Асирӣ омўзи­ши фарҳангро на танҳо барои насли имрўза зарур, балки дар оянда ба он эҳтиёҷ доштан ва омўхтани инсонҳоро низ таъкид кардааст. Фарҳанг, ки аксандози маънавиёти инсон ва маҳсули тафаккури одамист, дар навиштаҳо ифода меёбад. Навиштаҳо аз қадим муқад­дасанд, зеро зарра-зарра ба ҳам омада ҷилдҳои китоб­ҳоеро тартиб додаанд, ки дар онҳо таъриху иҷти­моиёт, иқтисодиёти мо ва би­лохира, тамоми бурду бохти мо сабт гардидаанд. Ва махзане, ки тамоми ин навиштаҳоро гирд овардаву  маҳфуз медорад, даргоҳи муқаддастарин аст.

Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қади­мулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд.

Баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шўравӣ ва аввалин солҳои Истиқлолияти давлатӣ вазъу шароити китобхонаҳо дар  ҷумҳурӣ вазнин шуд. Вобаста ба тараққиёт ва пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир китобдорони китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаклу услуб­ҳои нави хизматрасонӣ ва истифодаи навгониҳои технологияи муосир ниёз пайдо намуданд. Сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки имрўз таваҷҷўҳ ба омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замона ҷавобгў равона карда шавад.

Дуруст аст, ки имрўз дар ҷумҳурӣ мушкили кадрҳои соҳаи китобдорӣ роҳи ҳалли худро пайдо карда истодааст, вале ин масъала, ки ҳоло ҳам баъзе афроди ғайрикасбӣ кормандони китобхонаҳо мебошанд, чун мушкил боқӣ мондааст. Ин буд, ки  аз ҷониби Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 13 то 20-уми августи соли 2018 курси кутоҳмуддати омўзишии сайёр таҳти унвони «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» бо роҳбари муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов дар ҳайати сардори Маркази такмили ихтисос Маҳмадшариф Каримов, сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ Фирдавс Аминов ва сардори шуъбаи АРКИ Зафар Саидов дар Китобхонаи вилоятӣ-оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ташкил карда шуд. Дар курси кўтоҳмуддати сайёр 64 нафар  намояндагони кормандони китобхонаҳо аз 18 минтақаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд  ширкат варзиданд.

Тибқи барномаи омодагардида дар курси кўтоҳмуддати омўзишии сайёри «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» аз руи мавзўъҳои зерин:  

 - Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ  дар фаъолияти китобдорӣ;

Фароҳамоварӣ ва такмили фонди китобхона;

- Раванди ҷобоҷогузории фонди китобхона аз рўи «Таснифоти даҳгонаи универсиалӣ» (ТДУ) ва «Таснифоти китобхонавӣ-библиографӣ» (ТКБ);

-Услуби созмондиҳии Дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ (ДМБ) дар китобхона;

а) захираи нашрҳои маълумотдиҳӣ ва

библиографӣ; 

б) системаи феҳристҳо; в) системаи

картотекаҳо;

-  Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо;

- Ташкили китобхонаҳои электронӣ;

- Хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ (оммавӣ -гурўҳӣ ва фардӣ);

- Равандҳои таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо: китоб, маҷалла, рўзнома ва ғайра дар ҳаҷми 36 соат машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.

Машғулиятҳо бо саволу ҷавоб ва мисолҳо саҳеҳ гардида, дар анҷоми курс иштирокчиён донишҳои назариявию амалии худро сайқал дода соҳиби Сертификат тибқи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Ҳадафи амалӣ гардидани ин курси кўтоҳмуддат баҳри пешрафти фаъолияти китобхонаҳо ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷри- ба мутобиқ  ба  шароити замона мебошад.
Маҳмадшариф Каримов,
корманди Маркази
такмили ихтисос

Барчаспҳо: