Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гуруҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Тошкент ба номи Ислом Каримов

17 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошкент пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошкент меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари кишвари мизбон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ фазои идона дошт. Парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон овезон буд.

Гулчанбаргузорӣ дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар доираи сафари давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми ӯзбек дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ” гулчанбар гузоштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ҳамроҳӣ карданд.

Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри “Куксарой” сурат гирифт. Меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Ӯзбекистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тошкент ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Барчаспҳо: