Бозгашти Тоҷикистон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ

Ин чӣ шўрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.

Ҳофизи бузургвор, ки озурдагию эътирозу инзиҷори худро аз риёю фитнаю шар, ки бар авзои пурҷаҳолату торики асримиёнагии рўзгораш ҳоким буд, бад-ин гуна иброз доштааст, оё метавонист биандешад, ки пас аз гузашти беш аз ҳафт садсола пас аз сари ў «аҳволи ҷаҳон, балки гетӣ як сар» тағйир нахоҳад кард, балки печидатар хоҳад шуд?!

Инсонҳо дар раванди моҳиятан пуртазоди пешрафти иҷтимоӣ ва талоши барои расидан ба ҳадафҳо ва ноил омадан ба ҷойгоҳи дархўр ҳамвора ба гунае вобаста ба муҳити зист ҳастанд. Кўшиши даст ёфтан ба сарватҳои табиӣ, маъданҳо, заминҳои ҳосилхез, ҷангалҳо, рўдҳо ва дарёҳо дар ҳамаи замон маншаи танишҳо, рўёрўиҳо ва ҷангҳо миёни қавмҳо, нажодҳо, давлатҳо ва империяҳо будааст. Аз замони ҷангҳои Миср дар садаи ХХХ пеш аз милод, ки нахустин ҷангҳои маълум дар таърих ба шумор мераванд, то имрўз паҳнаи дунё садҳо ва ҳазорон ҷангҳоро дидааст. Ва дар бештари маврид ҳадафи меҳварии ин ҷангҳо ба даст овардани сарвати ки шварҳои дигар будааст.

Асри ХХ бо ду ҷанги ҷаҳонии хунин, падиду нопайдо шудани империяи бузурги Шўравӣ тағйироти шигарфе дар ҷуғрофияи сиёсии ҷаҳон ворид овард. Агар харитаи сиёсии ҷаҳони оғози асри ХХ ва нақшаи сиёсии дунёи имрўзаро канори ҳам гузорем ва ба онҳо назар андозем, мисли ин аст, ки мо ду ҷаҳони гуногунро мушоҳида мекунем. Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба империяҳои Австро- Венгрия, Олмон, Россия ва Усмонӣ поён бахшид. Пас аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ давлатҳои Аврупо аз мустамли- каҳои худ дар Осиё ва Африқо даст кашиданд. Поён ёфтани даврони мустамликадорӣ, ба истиқлол расидани кишварҳои дар гузашта мустамликавӣ, ба мансаи зуҳур падид омадани Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои амниятии байналмилалию минтақавӣ ва конунҳои башардўстона аз як низоми навини сиёсии ҷаҳон навид медоданд, ки дар фазои он самимияту бародарӣ ва дўстию меҳрубонӣ беш аз пеш ҳоким мегарданд ва накукорӣ, ҳамдардӣ ва ҳамдилӣ ба асли равобити инсонҳо, миллатҳо ва кишварҳо табдил меёбанд.

Аммо ҷанги сард шодию сурури мардуми дунёро аз поён шудани ҷанги дуюми ҷаҳон ва умеду орзуҳои ононро аз ояндаи равшан, даврони эътирофи қадру манзалати инсонӣ, барпоии адолат ва сулҳи умум, таҷаллии қонуният ва барқарории ҳокимияти додгустар барҳам зад. Ҷаҳон вориди давроне гардид, ки кинаварзию хусумату душманӣ ва тардиду фиребкорӣ дар муносиботи байни қавмҳо, нажодҳо, миллатҳо ва давлатҳо ривоҷ ёфтанд.  

Баъд чӣ? Агар мехоҳед ин таҳлили ҷолиб ва илмии рӯйдодҳои оламро бихонед, пас лутфан ба монографияи донишманди шинохта, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода “Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ” руҷӯъ намоед.

Матни комили монография:
“Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ”

Барчаспҳо: