Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ

Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро аз соли 1938 шуруъ намуда, аз рўзи оғози фаъолият то ин ҷониб мақсади ниҳоии он ташкили хизматрасонии маълумотӣ, иттилоотӣ ва тавсиявии библиографӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

Истифодаи махзани (фонд)-и шуъба барои истифодабарандагон озод буда, дорои 14 ҳазормаълумотномаҳо, донишномаҳо, луғатҳо ва тавсияи библиографӣ бо забони русӣдоир батамомисоҳаҳоидонишмебошад.

Самтҳо вавазифаҳои асосии фаъолияти шуъба иборатанд аз:
- ташкил, ҳифз, таъмини нигоҳдории фонди маълумотдиҳию библиографӣ ва пешниҳоди он ба истифодабарандагон;
- бунёди Дастгоҳи маълумотӣ-библиографии чопӣ ва электронӣ;
- бо дарназардошти талаботи истифодабарандагон таҳия ва пешниҳоди маълумотномаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ;
- қонеъ гардонидани талаботи библиографии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии  ватанию хориҷӣ дар Китобхона;
- ҳуҷҷатҳои кӯҳнашуда, фарсудашуда, осебдида, иллатдоштаро барои муқовабандӣ ва барқарорнамоӣ пешниҳод намудан ба шуъбаи дахлдор;
- таъмини талаботҳои маълумотӣ, иттилоотӣ ва тавсиявӣ-библиографии хонандагони муқимӣ ва маҷозии Китобхона;
- такмили фонди шуъба бо нашрҳои маълумотдиҳандаю библиографӣ ва пешниҳоди он ба истифодабарандагон;
- расонидани ёрии амалию методӣ ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва шуъбаҳои Китобхона дар ташкили фаъолияти хизматрасонии библиографӣ;
- пешниҳоди ройгони кӯмакрасонии машваратӣҷиҳати ҷустуҷӯ ва интихоби сарчашмаҳои иттилоотӣ бо истифода аз Дастгоҳи маълумотӣ-библиографӣ;
- ба хонандагон дар интихоби адабиёт барои навиштани реферат, кори курсӣ, кори дипломӣ ва кори илмӣ кӯмак мерасонад.

Сардоришуъбаихизматрасонии библиографӣ: Забирова Зуҳро Зафаровна
Телефоникорӣ:+992-(37)-221-06-45
Телефонидастӣ:+992-987640030