ФАРЗОНА: Хамсафарӣ бо Устод Каноат ва ёди лолахасакхои сари деворамон
Нашр шуд 2018-05-21 11:28
...Имрӯз 20 май, зодрӯзи хуҷастаи устод Лоиқ аст. Ҳамчунон рӯзи милоди устод Қаноат, ки 69-мин урдибиҳиштро дар меҳистони Лондон дуруд мегӯянд. Баъди субҳона ман огоҳ шудам, ки калиди утоқро гум кардаам, аммо, мутаассифона, забони инглисиро намедонистам, ки ба ҷустуҷӯ бароям. Пеши оқои Қазва рафтам:
- Алиризо, ба ман кумак кунед, калидам гум шуд.
Қазваи меҳрубон бо устод Қаноат чандин ошёнаро сар мезананд ва бебарор бо навбатдори ҳутал меоянд, ки дарамро боз кунад. Ҳикояте аз Аттор ба ёдам меояд, ки касе дар ҷустуҷӯи калид мегашт ва ориферо аз ин кори ӯ аҷаб омад, ки гуфт:
- Ман хона надорам, ки ба дунболи калид гардам. Ту ҳар оина хушбахтй, ки лоақал хона дорӣ. Ин ҳангом дар долон шоири Афғонистон Самеъи Ҳомид пайдо шуд ва байте аз Бедил хонд:
Касе дар банди ғафлатмондае чун ман надид ин ҷо,
Ду олам як дари боз асту меҷӯям калид ин ҷо.
Ин Самеъ дар сиюдусолагияш соҳиби 14 китоби шеъру нақд аст ва як асараш, ки таҳлилу баррасии осори Бедилро фаро мегарад, «Калиди дари боз» ном дорад. Ӯ ба ман як баста қанд ҳадя карду гуфт:
- Ба муносибати пайдо шудани калид ва ба умеде, ки рӯзи дидор ҳамагон қанди порсиро дар Хуросон бихӯрем.
Калид ҳам пайдо шуд, аммо дили ман аз хонааш рафтааст. Касе дарро мекӯбад.
- Биёед, устод Қаноат - устоди тозамилоди мо. Дар ин якшанбеи ғурбат чӣ кор мекунем? Охир, бояд дар Панҷекат мебудем. Дар Мазори Шариф тавофи мазҳари устод Лоиқ мекардем.
Устод ҳанӯз посух надода садои тилфун баланд мешавад.
- Устод, шумо гӯширо бардоред ва агар мухбире бошад, гӯед, ки ман нестам - мегӯям ман (зеро ҳамарӯза аз гузоришу сӯҳбатҳои тӯлонӣ хеле хаста будам). Алу, хонум, шумо аз родиёи Озодй?
- Не, Фарзона нест. Куҷое рафт. Баъди чошт меояд. - Чй? Ман дар утоқи ӯ чй кор мекунам? - Устод суоломез ба ман менигаранд. Ман китф барҳам мезанам.
- Ман...Ман...
- Не, телефуни оқои Қаноатро намедонам, шумораи утоқашон 432. Лутфан ташриф биёред.
- Уф, ман имрӯз ба 69 даромадам ва аввалии бор дар умрам бо фатвои чӯҷаи навболе дурӯғ гуфтам - маро танбеҳ доданд устод.
... Ва мо ҳар ду ба тамошои кӯча мебароем. Мағозаҳои шаҳр шабеҳи осорхонаанд, он қадар армуғонҳои зебо доранд, ки чашми кас сиёҳӣ мезанад. Аммо вақте ки қиматашонро мефаҳмед, бештар мутмаин мешавед, ки ин ҷо муза аст ва бурдани чизе мамнӯъ аст. Ман талабгори як гурбачаи маснӯъӣ мешавам ва бо устод Қаноат ҳисоб мекунем, ки қимати ин гурбаяки ношуд 6 сомонист. Баъди харидан мефаҳмем, ки фиреб хӯрдаем - 20 дулор будааст.
- Ин гурбачаи фиребо моро ғорат кард - мегӯянд устод ва хандон роҳро идома медиҳем.
Ба ҳар даре, ки ворид мешавем, худ ба худ (бе он ки даст расонем) боз мешавад ва баъди рафтан баста мегардад.
Лондон шаҳрест, ки агар бе роҳнамо аз як кӯча ба кӯчаи дигар рафтй, ҳатман раҳгум мезанӣ. Биноҳо ба ҳадде шукӯҳманду фалакбӯсанд, ки гоҳе фарозашонро базӯр мебинем. Дарахтҳо ҳама дар сояи иморат монда ва назарногир метобанд. Ҳеҷ қасре ё кохе шабиҳи ҳамдигар нест. Дар фосилаи ҳар ду метр сутунҳои баланде қад кашидаанд, ки дар онҳо сабади гулҳои тоза овардаамд. Шояд ҳамарӯза он гулҳоро иваз мекунанд, ки хеле ботаровату муанбаранд. Аслан, Лондон шаҳри гулҳост. Бештар аз 300 навъи гулро мебинам ва ҳайрон мешавам ба ҳаёти хуррами гулҳо дар ин ҷазираи борон. Деворгулҳое бо дарозии 30 метр ё бештар ба авҷ қад кашидаанд.
Ё тавба! Чаро ман дар мавҷи гул ғӯтаварам ва боз нола мекунам дар ҳаҷри ҳамон лолахасаки маъсум, ки субҳҳои фарвардин аз лаби боми хонаамон маро саломи сабоҳӣ мегуфт...
ҲИССАЕ АЗ ҚИССАЕ...
(ФАРЗОНА. ДАРЁИ СӮЗОН. –ДУШАНБЕ: АДИБ, 2014. – С.106-107.) ХУРШЕДҲОИ ШАҲРИ МЕҲОЛУД”